Ҳуқуқи байналхалқӣ

Муаллифон:  Ҳайати муаллифон
Ношир: «ДМТ»
Саҳифа: 292
Соли нашр: 2010
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл:  Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 9 нафар

Дар бораи китоб:

Китоби дарсӣ мафҳумҳои асосӣ, институтҳо ва соҳаҳои ҳуқуқи байналхалқиро ҳамаҷониба баррасӣ намудааст.

Ба масоили таносуби ҳуқуқи байналхалқӣ ва миллӣ таваҷҷуҳи ҳос дода шуда, тавсифи роҳҳои амалигардонидани меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, аз ҷумла хусусиятҳои татбиқи бевоситаи онҳо дар фаъолияти суд ва дигар мақомотҳои давлатӣ, нақши санадҳои ҳуқуқи байналхалқӣ дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд нишон дода шудааст.

Китоби дарсии «Ҳуқуқи байналхалқӣ» барои донишҷӯён ва аспирантони ихтисоси ҳуқуқи байналхалқии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №7/16 аз 2 июли соли 2009 тавсия карда шудааст.


Дар бораи муаллифон:

Бобоев Умед Холович – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ, муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Хатмкардаи шӯъбаи муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ)-и факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (1998), муаллим (1998-2005), муаллими калон (2004-2007), соли 2004-2007 муовини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ оид ба илм, барандаи ҷоизаи олимони ҷавони АИ ҶТ (2005), номзади илмҳои ҳуқуқ (2004), дотсент (2007), Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ (солҳои 2007-2009).

Муаллиф ва ҳаммуалифи зиёда аз 60 маводи чопӣ, аз ҷумла 2 китоби дарсӣ, 4 воситаи таълим, 2 монография, 1 фарҳанг мебошад.

Раҷабов Маҳмадёр Носирович – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ, муовини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ оид ба таълим дар шӯъбаи муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ) ва ҳуқуқшинос-омӯзгор.

Хатмкардаи шӯъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (1995) ва аспирантураи Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ (1998), муаллим (1995-2005), номзади илмҳои ҳуқуқ (2004), муаллими калон (2005-2007), дотсент (2007). Соли 2007-2008 муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба илм, аз 1 сентябри соли 2008 то имрӯз муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба таълим дар шӯъбаҳои муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ) ва ҳуқуқшинос-омӯзгор, барандаи ҷоизаи олимони ҷавони АИ ҶТ (1998) ва ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (2006), дорандаи нишонаи сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2007), котиби масъули маҷаллаи «Давлат ва ҳуқуқ».

Муаллиф ва хаммуалифи зиёда аз 80 маводи чопӣ, аз чумла 2 китоби дарсӣ, 5 воситаи таълимӣ, 2 монография, 1 фарҳанг мебошад.

Қодирқулов Хуршед Раҳмонович – номзади илми ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналхалқии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Хатмкардаи шӯъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (1998), муаллим (1998-2000), муаллими калон (2006-2007), дотсент (2008), номзади илмҳои ҳуқуқ (2004).

Муаллиф ва ҳаммуалифи зиёда аз 50 маводи чопӣ, аз ҷумла 1 китоби дарсӣ, 3 воситаи таълимӣ, 2 монография мебошад.

Тохиров Нодирҷон Фозилович – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналхалқии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Хатмкардаи шӯъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии ДДТ (1995), аспирантураи Пажуҳишгоҳи давлати ва ҳуқуқ (2002), муаллим (1995-2007), муаллими калон (2007-2009), номзади илми ҳуқуқ (2008), дотсент (2009).

Муаллиф ва хаммуалифи 30 маводи чопӣ, аз ҷумла 1 китоби дарсӣ, 2 воситаи таълимӣ, 2 монография мебошад.

Салихов Зафар Исматуллоевич – муаллими кафедраи ҳуқуқи байналхалқии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Хатмкардаи шӯъбаи муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ)-и факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (2006). Ҳаммуалифи китоби дарсии «Ҳуқуқи байналхалқӣ».

Салибаева Нигина Алиҷоновна – номзади илми ҳуқуқ (2004), дотсент (2007). Хатмкардаи шӯъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (2000) ва аспирантураи ДМТ (2004), муаллим (2000-2004), муаллими калон (2005-2007), дотсент (2007), корманди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008). Муаллиф ва ҳаммуаллифи 30 маводи чопӣ, аз ҷумла 1 китоби дарсӣ, 2 воситаи таълимӣ, 3 монография мебошад.

Сулаймонов Фирӯз Сафаралиевич – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналхалқии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Хатмкардаи шӯъбаи муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ)-и факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (2000) ва аспирантураи Пажуҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи АИ ҶТ (2004), номзади илмҳои ҳуқуқ (2004), муаллим (2000-2007), муаллими калон (2007-2008), дотсент (2009), муовини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ оид ба илм (2008-2009).

Муаллиф ва ҳаммуалифи 30 маводи чопӣ, аз чумла 1 китоби дарсӣ, 2 воситаи таълимӣ, 4 монография мебошад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *