Дар бораи китоб:
Китоби мазкур таваҷҷӯҳест ба сӯи иқдоми неки Президенти кишвар Э.Ш. Раҳмонов дар бораи эълон гардидани соли 2006 – соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ. Воқеан, бидуни дарки инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ ба масъалаҳои умумӣ ва ҷузъии он сарфаҳм рафтан душвор аст. Аз ин рӯ, бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба чигунагии масъалаҳои умумю ҷузъии тамаддуни ҷаҳонӣ ва исбот намудани решаҳои муштараки таърихии он дар китоб бори аввал кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки тамаддуни ҷаҳонӣ, махсусан таъриху тамаддуни Аврупо ва Византия дар асрҳои миёна ва давраи эҳё аз дидгоҳи нави таълимӣ – компаративистика тавзеҳ дода шавад.
Китоб барои донишомӯзони макотиби ҳамагонӣ, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, инчунин барои онҳое, ки бо масъалаҳои фарҳангу тамаддун иртибот доранд, таъин шудааст.