Сурудҳои маросими тӯйи тоҷикон

Муаллиф: Фарруха Зеҳниева
Ношир: «Дониш»
Саҳифа: 172
Соли нашр: 1978
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 9,31 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 106 нафар

Дар бораи китоб:

 


Дар бораи муаллиф:

Фарруха Зеҳниева (15.06.1933, д. Боғимайдони н. Самарқанд), фолклоршинос. Номзади илми филология (1972). Фарзанди Тӯрақул Зеҳнӣ.

Зиндагинома

Фарруха Зеҳниева дастпарвари Омӯзишгоҳи омӯзгории занонаи Самарқанд ба номи В. Г. Ушинский (1952). Институти омӯзгории Самарқанд ба номи М. Горкийро хатм кардааст (1957). Муаллимаи заб. ва адаб. тоҷикӣ мактаби № 35-уми н. Самарқанд (1952-1953), муаллимаи мактаб-интернати № 1 Душанбе (1957), лабор., лабор. калон (1957-1959), ход. хурди илмӣ (1959-1980), ходими калони илмии шӯъбаи фолклори ИЗА ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон (1980-1998). Аз с. 1992 – нафақахӯр.

Эҷодиёт

Мураттиби маҷмӯаи «Маросими тӯй», маҷмӯаи афсонаҳои тоҷикӣ барои бачаҳо – «Ҳафт додаракон» (бо ҳамқаламии Б. Шермуҳаммадов, М. Миркамолова, Р. Амонов, 1962), «Кадучаи ғелон» (бо ҳамқаламии Б. Шермуҳаммадов, Р. Аҳмадов ва Р. Амонов, 1962), «Бибигамбӯсак» (бо ҳамқаламии Р. Аҳмадов, Б. Шермуҳаммадов ва Р. Амо-нов, 1962), «Афсонаҳои Са марқанд» (бо ҳамқаламии Б. Шермуҳаммадов, 1965), «Таронаҳои Самарқанд» (бо ҳамқаламии Б. Шермуҳаммадов, 1966), «Баёзи рубоиҳои халқӣ» (бо ҳамқаламии И. Азимов ва диг., 1970), «Баёзи рубоиҳои халқии тоҷикӣ» (иборат аз 4 ҷилд, 1970), «Баёзи сурудҳои халқӣ» (иборат аз 2 ҷилд, бо ҳамқаламии Б. Шермуҳаммадов ва диг.), «Баёзи фолклори тоҷик» (рубоӣ, иборат аз 3 ҷилд, бо ҳамқаламии Р. Аҳмадов, И. Азимов, С. Норматов, Н. Шакармаҳмадов, Б. Шермуҳаммадов, Э. Улуғзода, 1970), муаллифи монографияи «Сурудҳои тӯйи тоҷикон» (1978), маҷмӯаи сурудҳои тӯи «Гуларӯсак» ва зиёда аз 30 мақолаи илмӣ доир ба масъалаҳои фолклоршиносии тоҷик С. 2007 китоберо бо номи «Зеҳнӣ дар дилу дидаи дӯстон» тадвин кардааст. Бо Ифтихорномаи Фахрии АИ Тоҷикистон ва КМ ЛКСМ Тоҷикистон мукофотонида шудааст.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *