Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ

Мураттибон: Раҳимов Д., Қличева Н., Зубайдов А. Муҳаммадиев Ҳ., Муродов М.,
Обидпур Ҷ. Қодиров Ф., Аминов А., Холмуродов З., Бердиева Ш., Ниёзова М., Носирова Л.
Ношир: «Аржанг»
Саҳифа: 354
Соли нашр: 2016
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 2,98 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 44 нафар

 


Дар бораи китоб:

Даҳсолаҳои охир дар тамоми ҷаҳон раванди глобализатсия ё ҷаҳонишавӣ беш аз пеш вусъат ёфтааст ва дар баробари арзишҳои дигар намунаҳои фарҳанги маънавӣ аз марзҳои як кишвар фаротар рафта, мавриди истеъмол ва истифодаи мамолики дигар қарор меёбанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои мутамаддини ҷаҳон буда, дорои фарҳанги суннатии қадимтарини моддиву ғайримоддӣ мебошад. Дар фарҳанги суннатии тоҷикон намунаҳои зиёди ҳунарҳо ва анъанаҳои мардумӣ мавҷуданд, ки дар тўли таърих дар натиҷаи робитаҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ ба кишварҳои дигар гузаштаанд ва имрўз баъзе халқҳои минтақа он намунаҳоро як ҷузъи фарҳанги суннатии худ низ мешуморанд. Чунончи, ҷашни Наврўз, шоҳасари мусиқии «Шашмақом», ҳунарҳои заргарию зардўзӣ, атласу адрасбофӣ, таомҳову либосҳои анъанавӣ ва монанди инҳо нахуст дар байни тоҷикон рушду такомул ёфта, сипас ба фарҳанги халқҳои ҳамсоя интиқол шудаанд.

Барои ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии мардуми тоҷик Ҳукумати Ҷумҳурӣ тадбирҳои оқилона ва саривақтӣ меандешад. Таҳия ва тартиб додани “Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ” яке аз қадамҳои устувори ҳимоят, таблиғ ва густариши намунаҳои фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Мутобиқи «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020», ки дар таърихи 31 майи соли 2012, №263 аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, зарурати тартибу таҳияи “Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ” ба миён омадааст. Соли 2003 Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба Ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ қабул шуд ва то ба имрӯз мамлакатҳои зиёде, аз ҷумла Тоҷикистон (с. 2010) шомили он гашта, тибқи дастури Конвенсия (Қисми 3, моддаи 12) феҳристҳои миллии кишварҳои худро тартибу таҳия кардаанд.

Яке аз талаботи номинатсияҳои ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО пеш аз ҳама мавҷуд будани феҳристи миллӣ ва сабт будани унсури матлуби фарҳангӣ дар он мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи аввалини “Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик” соли 2010 тартиб дода шуд, ки он 48 унсурро дар бар мегирифт.

Яке аз шартҳои феҳристсозӣ, мутобиқи Конвенсияи мазкур, дар ин аст, ки феҳрист бояд мунтазам таҷдид шавад. Соли 2014 нусхаи нисбатан васеътари он аз ҷониби фарҳангшиносон, мардумшиносон ва дигар мутахассисони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (ПИТФИ) тартиб дода шуд. Он фарогири 286 унсури фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик буда, сохтори феҳристи такмилёфта низ аз феҳристи нахустин фарқ мекард. Инак пас аз ду сол (2016) “Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ” боз танзиму такмил шуд. Дар мукаммал намудани он мутахассисон аз ПИТФИ, Академияи илмҳо ва муассисаҳои дигари фарҳангӣ ширкат намуда, дар маҷлиси гурўҳи корӣ, сипас дар ҷаласаи Шӯрои илмии Пажӯҳишгоҳи мазкур бо иштироки олимон, аҳли фарҳанг, намояндаҳои касбу ҳунарҳои гуногун баррасӣ гашта, баъзе эроду пешниҳодҳо ба назар гирифта шудаанд. Баъдан феҳристи мазкурро Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 15-уми январи соли 2016 дар Ҷаласаи ҳайати мушовара, таҳти қарори №1/8 баррасӣ ва тасдиқ намуд.

Феҳристи такмилёфтаи мероси фарҳангии ғайримоддӣ аз бахшҳои зерин иборат мебошад:

Бахши 1. Анъанаи шифоҳӣ – А000 (34 унсур).

Бахши 2. Ҳунарҳои иҷроӣ – B000 (147 унсур).

Бахши 3. Ҷашну маросимҳо – C000 (51 унсур).

Бахши 4. Расму одатҳо, таҷрибаҳои иҷтимоӣ – D000 (17 унсур).

Бахши 5. Касбу ҳунарҳо – E000 (75 унсур).

Бахши 6. Хӯрокҳои миллӣ – F000 (110 унсур).

Бахши 7. Варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона – G000 (81 унсур).

Дар Феҳристи соли 2014 шаш бахш вуҷуд дошт ва дар нусхаи такмилшудаи он бахши ҳафтум бо унвони “Варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона” илова гашт. Бояд гуфт, ки ҳанўз ҳам унсурҳои зиёди фарҳанги маънавии халқи тоҷик пурра ва ё ба дараҷаи кофӣ омўхта нашудаанд. Умедворем, ки дар раванди такмилу таҷдидҳои оянда шумораи бештари намунаҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик аз ҷониби муҳаққиқон мавриди омўзиш қарор гирифта, ба Феҳристи миллӣ роҳ меёбанд. Ҳар як намунаи фарҳанги ғайримоддӣ дар Феҳрист мувофиқи бахшҳояш рақамгузорӣ шудааст, чунончи, шумораи афсона “А001” мебошад. Дар идома номи унсур (бо муродифҳояш) зикр шуда, тавсифи мухтасари унсур оварда мешавад.

Сипас маҳалли густариш, дар кадом ноҳияву вилоят ва шаҳрҳо маъмул будани унсури матлуб зикр ёфтаанд. Дар сутуни панҷуми Феҳрист вазъи имрӯзаи унсури фарҳангӣ, ки он дар кадом ҳолат қарор дорад: фаъол, нимфаъол, дар ҳолати азбайнравӣ ва ғайра ишора шудааст. Дар нусхаи такмилёфтаи Феҳрист сутуни дигаре илова гашт, ки дар он ба манбаъҳои чопӣ ва маводи гирдоваришудаву инвентаризатсионии марбут ба унсур ишора мешавад. Шарҳи мухтасари унсурҳо, ки дар сутуни севум дарҷ гардидаанд, дар асоси маълумоти аз экспедитсияҳои мардумшиносӣ гирдоваришуда таълиф шудаанд. Бояд гуфт, ки дар давоми 3-4 соли охир кормандони ПИТФИ ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Кўлоб, Қурғонтеппа, Панҷакент, Истаравшан, Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Ашт, Рўдакӣ, Файзобод, Варзоб, Шаҳритўс ва Муъминобод сафарҳои хидматӣ анҷом додаанд, ки маводи фарҳангию мардумнигории онҳо дар Феҳрист васеъ истифода шудааст.

Инчунин мураттибон дар шарҳи баъзе унсурҳо аз асарҳои фолклоршиносию этнографӣ ва аз донишномаҳое чун “Энсиклопедияи миллии тоҷик” (ҷ.1, 2, 3), “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” (ҷ.1,2), “Энсиклопедияи адабиёт ва санъат” (дар се ҷилд) ва монанди инҳо баҳрабардорӣ кардаанд. Феҳрист дар ҳамин шакл 515 номгӯйи намунаҳои фарҳанги ғайримоддиро аз ҳудуди Тоҷикистон дар бар мегирад.

Бахшҳо аз ҷониби мутахассисони зерин тартиб ва такмил дода шудаанд: бахши “Анъанаи шифоҳӣ” – Раҳимов Д., “Ҳунарҳои иҷроӣ”– Қличева Н., Зубайдов А. Обидпур Ҷ., “Ҷашну маросимҳо” – Аминов А., Холмуродов З., “Расму одатҳо, таҷрибаҳои иҷтимоӣ” – Раҳимов Д., “Касбу ҳунарҳо” – Муродов М., Қодиров Ф., Холмуродов З., Носирова Л., Абдувоҳидов П.,“Хӯрокҳои миллӣ” – Муҳаммадиев Ҳ., Бердиева Ш., Ниёзова М. ва “Варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона” – Раҳимов Д. Дар раванди таҳияву таҳрир ба кори гурўҳ коршиносон Бўриев Қ. ва Низомов Х. ёриву маслиҳатҳои судманд расонидаанд, ки аз онҳо сипосгузорем.

Феҳристи такмилёфта барои ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар ҳудуди кишвар, инвентаризатсияи унсурҳо, таҳқиқоти илмӣ, таҳияи номинатсияҳо ҷиҳати пешниҳод кардан ба рӯйхатҳои ЮНЕСКО, таблиғ ва густариши намунаҳои фарҳангӣ ва барои таҳкими ҳувияти миллӣ замина ва воситаи хеле муҳим ба шумор меравад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *