Кимиёи саодат (Ҷилдҳои I ва II)

Муаллиф: Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ
Баргардонанда:
Баҳриддин Алавӣ
Ношир: Интишороти «Суруш»
Саҳифа: 827
Соли нашр: 1999
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 4,93 Мб

Гирифтани китоб
Гирифтанд: 147 нафар

 


Дар бораи китоб:

Ин китоб аз рӯи нусхае, ки дар садаи ҳаштуми ҳиҷрӣ навишта шуда бо муқобила ба нусхаҳои муҳим ва кӯҳнаи китобхонаҳои Теҳрон таҳия гардида аст. Намунаи олӣ ва камназири наср ва шеваи нигориши ахлоқ дар садаи панҷуми ҳиҷрӣ ба ҳисоб меравад. 

Муаллиф дар мавриди китоби мазкур чунин овардааст:

Ва чунон ки он кимиё, ки мису биринҷро ба сафову покии зари холис расонад, душвор бувад ва ҳар касе нашиносад, ҳамчунон он кимиё, ки гавҳари одамиро аз хасисияти баҳимият ба сафову нафосати малакият расонад, то бад-он саодати абадӣ ёбад, ҳам душвор бувад ва ҳар касе надонад. Ва мақсуд аз ин китоб шарҳи ахлоти ин кимиёст, ки ба ҳақиқат кимиёи саодати абадист. Ва ин китобро бад-ин маънӣ «КИМИЁИ САОДАТ» ном кардем. Ва номи «Кимиё» бар вай авлотар, чи тафовут миёни мису зар беш аз суфрат нест ва самараи он кимиё беш аз танаъъуми дунё нест: муддати дунё худ чист?! Ва тафовут миёни сифоти баҳоим ва сифоти малоика чанд аст, ки аз асфалуссофилин то ба аъло иллиййин ва самараи ин кимиё саодати абадист, ки муддати вайро охир нест ва анвоъи наими вайро ниҳоят нест ва ҳеч кудуратро ба наими ӯ роҳ нест.

Бидон, ки чунон ки кимиёро дар ганҷинаи ҳеч пирзан наёбанд, балки дар хизонаи мулук ёбанд, кимиёи саодати абадӣ низ ҳар ҷое набошад, дар хизонаи Рубубият бошад; ва хизонаи Худой дар осмон ҷавоҳири фариштагон аст ва дар замин дилҳои пайғомбарон. Пас, ҳар ки ин кимиё ҷуз аз ҳазрати нубувват ҷӯяд, роҳғалат карда бошад ва охири кори вай қаллобӣ бошад ва ҳосили ҳоли вай пиндоре ва гумоне бошад ва дар мавсими қиёмат ифлоси вай пайдо шавад ва қаллобии вай ошкор шавад ва пиндорҳои вай расво шавад ва бо вай гӯянд: «Фа кашафно ъанка ғитоака, фа басарука-л-йавма ҳадид» (Пас пардаро аз баробари ту бардоштем! Пас чашми ту имрӯз тезбин аст).


Дар бораи муаллиф:

Абӯҳомид Аҳмад ибни Муҳаммади Ғаззолии Тӯсӣ (ар. ابو حامد محمد بن محمد الغزالى‎, машҳур ба Муҳаммади Ғаззолӣ1058, Тӯс — 19 декабри 1111, Тӯс) — фақеҳ, ҳаким, донишманд, мударриси номии мадрасаи «Низомия», адиби аҳди Салҷуқиён.

Зиндагинома

Имом Ҳуҷҷат-ул-ислом Муҳаммади Ғаззолӣ ба таърихи 450 ҳиҷрӣ, дар Тобирони Тӯс ба дунё омад, то соли 478, яъне то синни бисту ҳашт солагӣ – дар Тӯсу Гургону Нишобур ба фаро гирифтани улуми зоҳирӣ пардохт; ҳам дар ин сол, Хоҷа Низомулмулк – вазири донишманд ва донишдӯсти Маликшоҳи Салҷуқиро бо вай мулоқоте даст дода, шефтаи пояи фазлу дониши вай гашт ва то соли 484 дар дарбори Салҷуқӣ бо мунтаҳои иззат омаду шуд дошт ва дар корҳои бузург дахолат мекард, дар ин сол ба хоҳиши Хоҷа, мансаби тадриси Мадрасаи Низомияи Бағдодро ба ӯҳда гирифт ва то соли 488 дар он мақом, ки бузургтарин пойгоҳи илмии он замон буд, бимонд.

Ҳамон гуна ки худ дар китоби «Ал-мунқиз мина-з-залол» менависад, чун улуми расмии зоҳирӣ дарди дарунии ӯро дармон намекард ва ба «чаро?»-ҳои фаровоне, ки ҳар мутафаккири ҳушмандеро дар даврони зиндагӣ роҳат намегузоранд, ҷавобҳои хотирписанде намедод, дар зимни муддати тадрис ва пеш аз он ба таҳсили фалсафа пардохт ва гуфторҳои сӯфиён ва мутакаллимон ва ботиниёнро зеру забар кард ва дар поёни кор чун аз ҳеч роҳ оромиши хотире барояш фароҳам нашуд, аз дастгоҳи дунёӣ ва тадрису мансаб сер омад ва ҳолаш дигаргун шуд ва ба ночор аз ҳама чиз чашм пӯшид ва аз Бағдод берун шитофт ва оҳанги Шому Ҳиҷоз кард ва гӯшае гирифт ва дар ҳамин гӯшагирӣ Ғаззолии дигаре шуд, ки осораш ӯро ҳамон гуна ба мо муаррифӣ мекунанд.

Ин ҳоли вай то даҳ сол, яъне то 498 давом кард ва дар ин сол шавқи дидори зану фарзанд ӯро ба Тӯс кашонид ва як соли дигар ҳамчунон дар гӯшаи узлат бизист.

Дар поёни ин сол, ниме ба исрор ва илзоми Фахрулмулк – вазири Султон Санҷар ва ними камтаре ба майли худ, тадриси Низомияи Нишобурро пазируфт, вале Ғаззолии Нишобур дигар буд ва Ғаззолии Бағдод дигар: ин Ғаззолие буд, ки дар бӯтаи муҷоҳидатҳо ва риёзатҳои ёздаҳсола гудохта шуда, поку беолоиш аз кор даромада буд, забоне, ки аз андешаи сар нерӯ мегирифт, яксара ба дил пайваста буд ва дарсҳоеро тақрир мекард, ки ба мукошифа ва мушоҳида аз Устоди офариниш омӯхта буд.

Дар тадриси Нишобур беш аз як сол диранг раво надошт ва бо ҳамаи исрорҳое, ки барои мондан ба вай мешуд, аз кор канора гирифт ва ба ватани аслии хеш Тӯс бозгашт, мадрасае ва хонагоҳе барпо кард, қисмате аз рӯзгори худро ба тадрис дар мадраса ва бахши дигарро ба роҳнамоӣ ва дастгирии сӯфиён ва ворастагони хонақоҳ пардохт, то дар соли 505 дида аз дидори ин ҷаҳон барбаст ва ба дигар сарой шитофт.

Осор

Аз Ғаззолӣ беш аз сад китоб ва рисолаи бузургу кӯчак дар фиқҳу ҳадис ва калому ахлоқ ва фалсафаву ҷуз он бар ҷой монда, ки гули сари сабади онҳо дар забони арабӣ китоби «Эҳёу улуми-д-дин» ва дар форсӣ хулосае аз он китоб ба номи «Кимиёи саодат» мебошад.

Имом Ғаззолӣ китоби «Эҳё»-ро дар муддати гӯшагирӣ ва узлат навишта; ва тақсимбандии рукнҳову аслҳо ва фаслҳои он тақрибан монанди «Кимиёи саодат» мебошад. Китоби «Кимиёи саодат» ҳамон тавр ки гуфтем – хулоса ва эҳтимоли наздик ба яқин, хулосаи тарҷимамонанде аст, ки худи Ғаззолӣ аз китоби «Эҳё» берун овардааст.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *