Гулчин аз тибби Мавло ба сад дардҳо даво

Муаллиф: Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ
Ношир: «Шарқи озод»
Саҳифа: 136
Соли нашр: 2012
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 2,36 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 60 нафар

 


Дар бораи китоб:

«Гулчин аз тибби Мавлавӣ» аз чор дастхати Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ, бо тахаллуси эҳтиромии Домуллои Сӯрхиён, дар тӯли солҳои зиёд, аз ҳуруфоти арабиасоси форсии тоҷикӣ, ба хуруфоти имрӯза, яъне кириллӣ баргардонида шуда аст.

Дар ин дастхатҳои Мавлавӣ, ки аз хазинаи тиббии ҳинду араб ва юнону форс сарчашма мегирад, дар асоси таҷрибаҳои олимони тибби Ҳиндустон гирд оварда шуда, доир ба ҳар як мариз аз 7 то 50 намуди дорую даво ва тарзи табобати таҷрибашударо тавсия медиҳад. Мо барои мисол аз се то понздаҳ намуди давою дармонро барои маризон пешниҳод кардем. Мавлавӣ номи китобҳои бузурги тиббиро дар ин дастхатҳо зикр намудааст, хусусан дар бораи маъхазҳои тиббӣ ба монанди «Тибби Юсуфӣ», «Муҳити аъзам», «Илоҷ-ул-амроз», «Тӯҳфат-ул-мӯъминин», «Кашф-ул-луғот», «Мунтахабот-ут-тиб», «Матлаъ-ул-умум», «Мизон-ут-тиб», «Маҷмаъ-ул-фунун», «Аҷоиб-ул-Махлуқот», «Қарободи Кабир» ва «Ал-Қонун»-и Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино бисёр мисолҳо овардааст. Дастхатҳои тиббии Мавлавӣ сирру асрори зиёде доранд. Дар он фазилату заковат, маҳорату фаросат ва каромоту мартабаи бузургии ин валӣ (авлиё) пинҳон аст. Дастхатҳо сарвати нодиру бебаҳое мебошанд, ки дар тӯли даҳсолаҳо аз касофатӣ, нодонӣ ва ҷаҳолати баъзе инсонҳои хабиси дур аз олами илму маърифат, душманони мероси ниёгони хеш, дар ниқоби кормандони содиқи ҳизби коммунист, тӯфону бӯрони бадарғаю «тройка», ки амал мекарданд, дар даруни ғорҳою зери сангҳо пинҳон монда, қисми зиёдаш пӯсида фано гардидаанд.


Дар бораи муаллиф:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *