Асосҳои ташхиси бемориҳои дарунӣ 

Муаллиф: Шарипова Хурсанд Ёдгоровна
Ношир: Нашриёти «Ҳикмат»
Саҳифа: 243
Соли нашр: 2009
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 1,89 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 11 нафар

 


Дар бораи китоб:

Китоби мазкур, ки қисми умумии асосҳои ташхиси бемориҳои даруниро дар бар мегирад, маҳсули таҷрибаи чандинсолаи муаллиф мебошад, ки дар заминаи маводи назариявӣ ва методии китобҳои дарсии ба забони русибуда таълиф шуда, бо пажуҳишҳо ва дастовардҳои навини тибби муосир, аксҳои гуногун, тестҳо барои ҳар як мавзӯъ мукаммал гардонида шудааст.


Дар бораи муаллиф:

Шарипова Хурсанд Ёдгоровна 2 ноябри соли 1947 дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфтааст, терапевт, доктори илмҳои тиб, профессор, духтури тахассуси дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустии Тоҷикистон мебошад.

Хатмкардаи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аст.

Дар мавзӯи «Зуҳуроти клиникию биохимиявии атеросклероз ҳангоми фишорбаландии систолии калонсолон» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Хусусиятҳои ҷараёни фишорбаландии систолии калонсолон аз рӯи мушоҳидаи бардавом» рисолаи докторӣ дифоъ намудаст.

Таҳти роҳбарии Шарипова Х.Ё. як рисолаи докторӣ ва 7 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуда, имрӯзҳо корҳои илмиро оиди 1 рисолаи докторӣ ва 2 рисолаи номзадӣ роҳбарӣ менамояд.

Ҷараёни таълимро дар кафедра ба танзим дароварда ба баланд шудани савияи дониш ва фаъолияти омӯзгорон мусоидат намудааст. Яке аз аввалинҳо шуда, вариантҳои электронии лексия ва презентатсияҳоро бо се забон таҳия намудааст.

Муаллифи зиёда аз 200 таълифоти илмӣ, аз он ҷумла 140 мақола, 4 монография, 16 дастури таълимию методӣ, 2 пешниҳоди навоварона, як китоби дарсӣ бо забони давлатӣ ва ғ. мебошад.

Дар байни аҳли кафедра, шогирдон ва донишҷӯён ҳамчун бонуи ҳалиму меҳрубон, роҳбари серталабу ғамхор шинохта шуда, соҳиби эҳтироми самимӣ мебошад. Ба ҳайси муаллими ҳақиқӣ на танҳо гуфтор, балки рафторашон низ шогирдону ҳамкасбонро ба хоксорию фурӯтанӣ ва поквиҷдонӣ ҳидоят мекунад.

Оре, инсоне, ки соҳиби чунин қалби рӯшан ва хислатҳои наҷиб аст, сазовори ҳурмату эҳтироми ҳамкасбону шогирдон мебошад ва метавонад бо ин ҳама барҳақ фахр намояд.

Сабти номи хеш андар санги хоро шарт нест,
Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт.

  • 1965-1971 – Донишҷӯи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
  • 1971-1973 – Духтур-терапевти беморхонаи«Кофарниҳон», ноҳияи Орҷоникидзеобод
  • 1973-1975 – Ординатори клиникии кафедраи бемориҳои дарунии №2- ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
  • 1975-1976 – Лаборанти калони кафедраи бемориҳои дарунӣ
  • 1976 – Духтури тахассуси дараҷаи олӣ 1976-2001 Ассистенти кафедраи бемориҳои дарунии №2
  • 2000 – Унвони «Доктори илми тиб» дода шуд
  • 2001-2005 – Декани таҷрибаомӯзӣ
  • 2001-2004 – Профессори кафедраи бемориҳои дарунии №2
  • 2004-2010 – Мудири кафедраи таълими асосҳои бемориҳои дарунӣ
  • 2006 – Бо нишони «Аълочии тандурустӣ» сарфароз гардонида шуд.
  • 2007 – Унвони «Профессор» дода шуд
  • 2005-2008 – Муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ
  • 2010 то ҳол – Профессори кафедраи таълими асосҳои бемориҳои дарунӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *