Дар бораи китоб:
Хонандагони гиромӣ, китоби «Гистология» (бофташиносӣ), ки ҳоло Шумо дар даст доред, бори аввал пурра ба забони тоҷикӣ таълиф шуда, аз чор фасл иборат аст ва тамоми маълумоти муосири ба ин фан дахлдорро дар асоси дастовардҳои навтарини тадқиқоти морфологӣ фаро мегирад.
Китоби мазкур дар асоси барномаи таълимие, ки аз тарафи шӯъбаи таълими ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ВТ ҶТ тасдиқ шудааст, таълиф шуда, барои мутахасисони соҳаи тиб, биология, байторӣ, тарҷумонҳо, рӯзноманигорон ва ҳам барои доираи васеи хонандагон – донишҷӯён, омӯзгорон, коромӯзон ҳамчун ганҷинаи дониш хизмат хоҳад кард.
Дар бораи муаллиф:
н. и. б. Ҷӯраев С.Ҷ. – аъзои ҳақиқии Академияи халқии Осиёи миёнагии «Нури Хуҷанд», дотсенти кафедраи гистологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.