Тарҷумаи Таърихи Яминӣ

Муаллиф: Абушшараф Носеҳ ибни Зафар ибни Саъди Ҷурфодиқонӣ
Таҳия: Н.И. Ғиёсов
Ношир: «Ношир»
Саҳифа: 420
Соли нашр: 2013
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 6,43 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 62 нафар

 


Дар бораи китоб:

«Тарҷумаи Таърихи Яминӣ»-и Ҷурфодиқонӣ тарҷумаи озоди «Таърихи Яминӣ»-и Абӯнасри Утбӣ – муаррих, шоир, дабир, муаллифи ҳанафимазҳаби охири қарни Х ва нимаи аввали қарни ХI мебошад, ки ба султон Маҳмуди Яминуддавла бахшида шуда, шарҳи салтанати Сабуктегин ва султон Маҳмудро аз соли 975 то 1022 фаро мегирад. Ҷурфодиқонӣ, ки дар замони ҳукумати Атобакони Озарбойҷон – Элдигизиён мезист, бо дастури вазири атобаконӣ – Абулқосим ибни Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Абӯҳанифа ба тарҷумаи ин китоб оғоз ва соли 1207 онро ба итмом мерасонад.

Асар на танҳо дар бораи таърихи Ғазнавиён иттилои муҳими илмӣ медиҳад, балки зикри дудмонҳои дигари ин аҳд, аз қабили Сомониён, Оли Зиёр, Симҷӯриён, Оли Фареғун, Ғуриён, мулуки Ҳинд ва ғайраро фарогир ва дорои аснод ва иттилооти арзишманде аст.

Китоби мазкур ба муҳаққиқони таърих, пажӯҳишгарони забону адабиёт ва кулли алоқамандони фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ пешкаш мешавад.


Дар бораи таҳиягар:

Соли таваллуд 26 октябри соли 1954

Ҷои таваллуд шаҳри Хуҷанд

Миллат тоҷик

Таҳсилот олӣ

Соли 1977 Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи . В.И. Ленинро (рӯзона) хатм кардааст

Ихтисос филолог- шарқшинос

Унвони илмӣ номзади илмҳои филологӣ

Кор ва фаъолияти собиқа:
  • Солҳои1972-1997 – ДонишҷӯиДонишгоҳиДавлатииТоҷикистон ба номи . В.И. Ленин
  • Солҳои 1977-1978 – Муҳаррири маҷаллаи Садои Шарқ
  • Солҳои 1978-1980 – Муҳақиқ-коромӯзи шуъбаи арабии Институти шарқшиносӣ
  • Солҳои1980-1987 – Аспиранти Институти шарқшиноси АН СССР
  • Солҳои 1987-1988 – Сарлаборанти шуъбаи арабии Институти шарқшиносӣ
  • Солҳои 1988- 1989 – Муаллими кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии педогогии Ленинобод
  • 1989- 1990 – Сармуаллими кафедраи методикаи таълими забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии педогогии Ленинобод
  • 1990-1995 – Дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии педогогии Ленинобод
  • 1995-1996 – Ҷонишини декани факултети филолгияи тоҷик Донишгоҳи давлатии педогогии Ленинобод
  • 1996-1997 – Дотсенти кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони тоҷикӣ
  • 1998-2001 – Ходими илмии маркази Сомониён
  • 2001 – Сарвари маркази Сомониён
  • 1999-2001 – Дотсенти кафедраи Филолгияи араби Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд
  • 2001-2006 – Мудири кафедраи грамматикаи забони арабӣ факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд
  • 2006-2011 – Декани факултети забонҳои шарқ Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд
  • 2011- 2012 – Ходими илмии Маркази тадқиқоти таълимоти Абӯҳанифа ва шарқшиноси
  • 2011-2012 – Муҳарири масъули «Ахбори ДДҲБСТ»
  • 2012-2014 – Муҳарири масъули идораи маҷаллаи илмӣ-назариявии «Ахбори ДДҲБСТ»
  • 2014-2015 – Котиби масъули идораи маҷаллаи илмӣ-назариявии «Ахбори ДДҲБСТ»
  • 2015-2017 – Ҷонишини сармуҳарири маҷаллаи илмӣ-назариявии «Ахбори ДДҲБСТ»
  • 2017 то ин ҷониб – Дотсенти кафедраи грамматикаи забони арабии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *