Таърихи Систон

Таҳияи матн, муқаддима, тавзеҳот ва феҳристҳо: Муҳаммадюсуф Имомов,
Абдушукури Абдусаттор
Ношир: «Бухоро»
Саҳифа: 352
Соли нашр: 2014
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 2,33 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 70 нафар

Дар бораи китоб:

Китоби «Таърихи Систон» аз зумраи куҳантарин осори таърихӣ чун тарҷумаи «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Ҳудуд-ул-олам мин ал-Машриқ илал Мағриб»-и муаллифи номаълум, «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ ва амсоли онҳо ба шумор меравад, ки ба забони форсӣ таълиф гардидаанд.

Дар масъалаи ном ва муаллиф ё саҳеҳтар муаллифони ин асар дар миёни донишмандон ва асҳоби таъриху тазкираҳои асрҳои миёна ихтилофи назар мавҷуд аст. Ҳарчанд ин китоб бо номи «Таърихи Систон» шуҳрат пайдо кардааст, вале дар нусхаи асл ҳаргиз аз ин ном ёд нашуда ва дар ҳар ҷои асар аз он бо номи «Таърих» ишора шудааст. Ҳамчунин яқинан наметавон гуфт, ки номи китоб «Систоннома», «Ахбори Систон» ё «Таърихи Систон» буда бошад.

Дар ҳар ҳол, ин китоб пас аз он ки бори нахуст дар тӯли солҳои 1881-1885 дар поварақи рӯзномаи «Эрони қадим» бо саъйи Абдулазимхони Гургонӣ ва бо номи «Таърихи Систон» ба табъ расид, минбаъд бо ҳамин ном шуҳрат пайдо намуд. Баъд аз он Маликушшуаро Баҳор аз рӯи яке аз нусхаҳои қадимии ин асар матни интиқодии онро бо тасҳеҳоти худ соли 1936 бо ҳамон номи «Таърихи Систон» ба чоп расонд. Минбаъд аз рӯи матни интиқодӣ ва тасҳеҳшудаи Маликушшуаро Баҳор «Таърихи Систон» ду маротиба, яъне солҳои 2004 ва 2009 ба табъ расонида шуд.

«Таърихи Систон» дар осори илмӣ-таҳқиқотии донишмандони муосир маъмулан чун асари муаллифи гумном ёд карда мешавад, вале агар ба муҳтаво ва сабки нигориши он таваҷҷуҳ карда шавад, ба хулосае метавон расид, ки ин асар маҳсули заҳмати на як муаллиф, балки якчанд муаллифон мебошад. Зеро муҳтавои асар ва сабку равиши сухан ба он далолат мекунанд, ки воқеоти он бо се сабки мухталиф ва дар давраҳои гуногун навишта шудааст:

1. Воқеоти давраи аввал аз бунёди шаҳри Систон, ки дар қадим Заранг ном дошт, оғоз гардида, то замони ин сарзаминро фатҳ кардани арабҳо дар ибтидои аҳди исломӣ идома меёбад.

2. Қисмати дигари воқеоти «Таърихи Систон» аз соли 1053, яъне омадани Туғрали Салҷуқӣ ба Систон ва ҳодисоти то соли 1056-ро дар бар мегирад. Аз ин ҷо сабки сухан тағйир ёфта, алфозу таъбироти «амир», «адомаллоҳу мулкаҳу» ва ғайра истифода мешавад. Вале аз ин таърих ба баъд риштаи сухан гусаста мешавад ва воқеаҳои дар 17 соли минбаъда рухдода сарфи назар мешаванд. Нақли минбаъдаи воқеоти таърихӣ аз соли 1073 идома меёбад ва рӯйдодҳои то соли 1296 ба таври ихтисор ва дар фаслҳои хеле кӯтоҳ шарҳ дода мешаванд. Сабку равиши сухан дар ин қисмат аз қисмати аввал тафовути ҷиддӣ дорад.

3. Сабки нигориши «Таърихи Систон» аз тасвири воқеоти марбут ба мухолифатҳо ва лашкаркашиҳои миёни шоҳони маҳаллии Систон Рукниддин Маҳмуд, падараш Насируддин ва бародараш Нусратуддин ва дигарон боз тағйир ёфта, аз саҳифаи 376 то охири китоб (с. 382) услуби феҳристнигории қисмати дуюм қатъ мегардад ва воқеоти минбаъда, ки муаллифи он шоҳиди зиндаи онҳо будааст, дар ҳафт саҳифа ба тафсил нақл карда мешавад. Аз лиҳози сабки сухан ин қисмат ба қисмати дуюмӣ шабоҳати наздик дорад, вале аз равиши сода ва мӯҷази қисмати аввал ба куллӣ фарқ мекунад.

 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *