Маҷмаъ-ул-арқом

Муаллиф: Мирзо Бадеи Девон
Ношир: «Дониш»
Саҳифа: 416
Соли нашр: 2015
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 4,49 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 94 нафар

 


Дар бораи китоб:

Дастхати «Маҷмаъ-ул-арқом» яке аз дастнавиштаҳои нодири асри XVIII буда, барои мансабдорони аморати Бухоро, ки ба корҳои ҳисоботу молиёт ва ҷамъоварии андоз машғул буданд, навишта шудааст. Дар он маълумоти муфассал оид ба навиштану тартиб додани хуҷҷатҳои молиявӣ, намудҳои андоз, тақсими маблағҳои давлатӣ ва мерос байни ворисон, тақсимоти маъмурии замин ва оби заминҳои обёришаванда ва ғайра оварда шудааст.

Асари Мирзо Бадеи Девон «Маҷмаъ-ул-арқом» асари ҷомее (энсиклопедие) мебошад, ки якчанд соҳаҳои илмро аз қабили илми ҳисоб (арифметика), илми ҷабру муқобала (алгебра), ҳандаса (геометрия), нуҷум (астрономия), метрология (ченаку вазн), молиёт ва ғайраро фаро гирифтааст. Ба асар ду зайл аз тарафи худи муаллиф илова карда шудааст. Яке аз онҳоро худи муаллиф «Тазйил», яъне «зайл» номгузорӣ кардааст. «Тазйил» пурра ба баёну тавсифи мансабҳои калону хурди дастгоҳи давлатии аморати Бухорои асри XVIII бахшида шуда, доираи салоҳияту фаъолияти ҳар як мансабдор дақиқ муайян карда шудааст. Асари мазкур, яъне «Маҷмаъ-ул-арқом» аслан барои мансабдорони дарбор навишта шудааст. Иловаи дуюм «Мулҳақ дар баёни илми уқуд» ном дошта ба тарзи ҳисоб ба воситаи ангуштон бахшида шудааст.

Қисми зиёди дастхат ба илми математика бахшида шудааст. Муаллиф бо қоидаву мисолҳои зиёд тарзи ҳалли масъалаҳои арифметика (ҳисоб), алгебра (ал-ҷабр ва муқобала), геометрия (ҳандаса) ва астрономия (нуҷум)-ро нишон додааст, ки дар кори ҳаррӯзаи мутасаддиён ва амалдорони аморат лозим буд.

Барои пурра шудани дониши хонанда ва дуруст фаҳмидани масъалаҳои зикршуда, муаллиф ба дастхат ду замима: оид ба мансабҳои давлатии аморати Бухоро (тазйил) ва тарзи ҳисоб ба воситаи ангуштон (мулҳақ) ҳамроҳ кардааст.

Китоб ба кормандони илмӣ, аспирантону донишҷӯён, омӯзгорон ва алоқамандони таърихи халқи тоҷик тавсия мешавад.


Дар бораи муаллиф:

Мирзо Бадеи Девон


 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *