Баҳроми Чӯбин

Муаллиф: Абӯалии Балъамӣ
Ношир: «Маориф»
Саҳифа: 39
Соли нашр: 1992
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 591 Кб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 22 нафар

 


Дар бораи китоб:

Қиссаи «Баҳроми Чӯбин» фаслест аз тарҷумаи «Таърихи Табарӣ», ки ба қалами Абӯалии Балъамӣ тааллуқ дорад. «Таърихи Табарӣ» китоби Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Язид Табарӣ муаррих ва факеҳи машҳури эронӣ мебошад, ки ӯ асарҳояшро ба забони арабӣ таълиф мекард.


Дар бораи муаллиф:

Абӯалии Балъамӣ фарзанди вазири машҳур Абулфазли Балъамии ҳомии устод Рӯдакист. Хонадони Балъамӣ аз қарияи Балъамони вилояти Марв баромада ва нисбаи худашонро аз номи ватанашон гирифтаанд. Шахсияти Абулфазли Балъамӣ ва Абӯалии Балъамӣ шаҳодат медиҳад, ки ин хонадони бас шарифе будааст ва аз он мардони аҳли фазлу ҳунаре по ба арсаи ҳастӣ ниҳодаанд. Дар кутуби таърихии то охирҳои асри XI маълумот роҷеъ ба намояндагони хонадонн Балъамӣ ба чашм мерасад.

Мутарҷими «Таърихи Табарӣ» Абӯалии Балъамк аввал вазири Абулфаворис Абдумалик ибни Нӯҳи Сомонӣ (954— 961) ва баъд Абӯсолеҳ Мансур ибни Нӯҳ (961— 976) будааст. Дар оғози китоб дар соли 963 аз ҷониби Абӯсолеҳ Мансур ибни Нӯҳ гирифтани фармони тарҷумаи ин китобро аз арабӣ ба форсӣ, қайд мекунад. Аз ин рӯ, яқинан тарҷумаи китоб дар солҳои шастум анҷом ёфтааст.

Абӯалии Балъами соли 974 вафот кардааст.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *