Абӯмуслими Хуросонӣ

Муаллиф: Луқмон Бойматов
Ношир: «МТИИИ»
Саҳифа: 26
Соли нашр: 2006
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 486 Kб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 44 нафар

 


Дар бораи китоб:

Ба табъ расидани таълифоти марбут ба қаҳрамонони миллӣ бо кӯмак ва дастгирии кумитаи умури ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низ ба ҳиммати Ассотсиатсияи миллии Марказҳои дастгирии ҷамъияти шаҳрвандӣ дар маҳдудаи Барномаи грантҳои муштарак дар бахши тарбияти ҷавонон дар рӯҳияи ватандустӣ имконпазир шуд.

Ватандӯстӣ асоси идеологии ҳар кадоме давлатҳои мустақил ба шумор меравад. Аз ин рӯ, рушди системаи тарбияти ватандӯстӣ ҳамчун институти пурарзиши давлатию ҷамъиятӣ бояд яке аз аслитарин самтҳои сиёсати давлат дар умури ҷавонон бошад.


Дар бораи муаллиф:

Луқмон Бойматов (Бойматов Луқмон Дадобоевич; 10 июли 1960, Хуҷанд вилояти Ленинобод) — муаррих-шарқшинос, нависанда, мутарҷим ва мунаққиди тоҷик.

Зиндагинома

Луқмон Бойматов 10 уми июли 1960 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов дохил шуда, соли 1984 онро бо ихтисоси муаррих хатм мекунад.

Луқмон Бойматов дар шогирдии профессор С. Г. Агаджанов солҳои 1986—1991 дар риштаи аспирантура ва такмили ихтисоси Институти таърихи ИҶШС(СССР) — и Академияи илмҳои ИҶШС шаҳри Москва таҳсил кардааст.

Фаъолияти корӣ

Ӯ фаъолияти кориашро солҳои 1984—1986 чун лаборанти калон дар Шўъбаи асарҳои таърихи миёнаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикстон оғоз карда, солҳои 1993—1997 ба ҳайси мудири Шўъбаи кишварҳои Шарқи Миёнаи Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносиботи байнамилалии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2005 то 2012 чун корманди пешбари илмии Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Луқмон Бойматов ҳамчунин солҳои 1991—1992 бо гурўҳи таърихи Донишкадаи Адабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳи Исфаҳон ва солҳои 1997—1999 бо гурўҳи таърихи Донишкадаи Адабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳҳои Фирдавсии Машҳад ва якчанд марказҳои илмӣ — фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкориҳои илмӣ доштааст.

Муаррих аз соли 2013 инҷониб дар кишвари Суед (Шветсия) иқомат мекунад.

Фаъолияти илмӣ

Луқмон Бойиматов бештар таҳқиқоти таърихӣ анҷом дода, асосан ба таърихи асрҳои 13-14-и Осиёи Марказӣ ва Эрон таваҷҷуҳ кардааст.

Масоили насаб ва таърихи системи давлатдории Сомониён низ мавриди таваҷҷўҳи хосси ин муаррих мебошад. Таърихи муборизаи ниёкони тоҷикон алайҳи истилогарони аҷнабӣ, ба мисли лашкари мақдуниён, арабҳо ва муғулҳо дар силсилаи пажўҳишҳои ин муаррих мавриди вежае дорад. Таърих асрҳои миёни Хуҷанд ва шахсиятҳои маъруфи ин диёр низ яке аз самтҳои фаъолияти илмии ин таърихшонос ба ҳисоб меравад. Муфассалтарин таҳқиқоти Луқмон Бойматов таҳқиқотҳои «Спитамон», «Абӯмуслими Хуросонӣ», «Муқаннаъ», Темурмалик”, Маҳмуди Торобӣ” ва «Сарбадорони Самарқанд» дониста мешаванд.

Луқмон Бойматов яке аз муаллифони аслии «Донишномаи Рудакӣ» ва донишномаҳои дигар мебошад.

Аксари китобҳо ва мақолоти ин муаррих берун аз кишвари Тоҷикистон ба чоп расида, ӯ бо донишгоҳҳо ва марказҳои мухталифи кишварҳои Урупо ва Шарқ ҳамкорӣ дорад. Ӯ ширкаткунандаи беш аз 25 конфронсҳои байналмилалӣ аст.

Маҳорати нависандагии Луқмон Бойматов низ қобили тавсиф буда, дар ҷомеаи форсизабонон ӯро чун нависандаи тавоно мешиносанд.

Китоби ӯ бо номи «Фиребхўрдагонем», ки иборат аз навиштаҳои фалсафӣ ва ирфронӣ аст, дар Ҷумҳурии исломии Эрон дар кўтоҳтарин муддат се маротиба ба чоп расидааст.

Номбурда муаллифи чандин китобу рисолаҳои илмӣ таҳқиқотӣ аз қабили «Шўpиши Маҳмуди Тоpобӣ», «Аз Темурмалик чӣ медонем?», «Сегонаи мутаҳҳар», «Фиребхўрдагонем», «Спитамон», «Инқилоби исломӣ аз дидгоҳи муҳаққиқони шўравӣ», «Қиёми Маҳмуди Торобӣ», «Фурўғи ишқ», «Сочинения Рашид-ад-дина как источник по истоpии наpодов Сpедней Азии», «Социально — экономическое положение и наpодно-освободительные движения в Мавеpаннахpе во втоpой четвеpти XIII веке», «Сарбадары Самарканда и амир Тимур», «Критика монографии Происхождение Саманидов» ва ғайра мебошад.

Ҷоизаҳо

Луқмон Бойматов дорандаи ҷойизаи «Қалами булӯрин» — и Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *