Насиҳатномаи Имоми Аъзам

Муаллиф: Абдушариф Боқизода
Ношир: «Маориф ва фарҳанг»
Саҳифа: 90
Соли нашр: 2009
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 10,4 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 70 нафар

 


Дар бораи китоб:

Ин китоб арзиши тарбиявӣ дошта, паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии мардумро зери пӯшиши омӯзаҳои имонии худ қарор додааст ва ба муносибати Соли бузургдошти Имоми Аъзам (р.ҳ.) ба дӯстдорони арзишҳои тамаддуни исломӣ ва пайравони мактаб ва андешаҳои ин бузургмарди таърих тақдим мегардад.


Дар бораи муаллиф:

Абдушариф Боқизода (Боқиев Шариф; тав. 10 январи 1964ҚаротегинҶШС ТоҷикистонИҶШС) — ховаршинос, донишманд ва пажӯҳишгари улуми исломӣ. Муаллифи рисолаҳои «Фиқҳи исломӣ» ва «Тафсири навини Қуръони карим».

Зиндагинома

Абдушариф Боқизода 10 январи соли 1964 дар Қаротегин ба дунё омадааст. Падару модараш аз аҳли илму фазл ва огоҳ аз донишҳои адабию илмии калассикӣ будаанд. Аз ин рӯ тарбияти падар дар роҳи илмии вай муассир будааст. Баробари таҳсил дар мактаби миёна, ҳамчунин дар назди чанде аз шахсиятҳои маъруфи мазҳабӣ дар Рашту Кофарниҳону Душанбешаҳр таҳсили илм карда, ба улуми сарфу наҳв, фасоҳату балоғат, тафсиру аҳодис ошно шуд ва тадриҷан ба таснифот пардохта, чанд рисолаеро манзури умум кард. Нахустин асараш «Ислом раҳнамои халқҳо» аст, соли 1985 чоп шуд.

Таҳсилоти олӣ

Абдушариф Боқизода соли 1994 риштаи забони арабии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов ва соли 2008 риштаи равоншиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст..

Таълифот

  • «Ислом раҳнамои халқҳо» (1985)
  • «Таърихи ислом» (дар ду ҷилд, 1988)
  • «Ошноӣ бо Қуръон» (2004)
  • «Ҳаҷ» (2006)
  • «Рӯзаи моҳи Рамазон» (2006)
  • «Закот» (2007)
  • «Панднома ва ё насиҳатномаи Имоми Аъзам (рҳ)» (2009)
  • «Имоми Аъзам бузургмарди таърихи башарият» (2009)
  • «Фиқҳи исломӣ дар асоси мазҳаби ҳанафӣ» (2011)
  • «Тафсири навини Қуръони карим» (2006, 2009, 2011)


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *