Хатари тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгарои динӣ чист?

Муаллиф: Абдуллоҳи Раҳнамо
Ношир:
Саҳифа: 128
Соли нашр: 2015
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 655 Кб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 21 нафар

 


Дар бораи китоб:

Ин китоб моҳияти хатари гурӯҳҳои ифротиро қадам ба қадам бозкушоӣ намуда, ҳамзамон ба як силсила масъалаҳои мураккаби назариявӣ ва амалии ин самт посухи соддаву мушаххас медиҳад. Мақсади асосии мавод ин аст, ки бояд пеш аз ҳама, ба худи кормандони мақомоти сиёсию қудратии мо, ба ҳар корманди бахши идеологӣ ва сипас, ба ҳар як шаҳрванди оддии кишвар ба таври бисёр мушаххас рӯшан бошад, ки хатари тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгароии динӣ дар чист.

 

РИСОЛАЕ, КИ РИСОЛАТ ДОШТ
ё рӯйкарди дигаре дар шинохти хатари ифротгароии динӣ

(Сухане чанд дар муаррифии китоби «Хатари гурӯҳҳои ифротгароии динӣ дар чист?» (Абдуллоҳи Раҳнамо, Душанбе, нашриёти «Ирфон», соли 2015)
Бо салому эҳтиром,
Солҳои 2013-2015, ки гурӯҳи фаромиллии даҳшатафкани «ДОИШ» қудрат гирифта ва даста-даста ҷавонони тоҷик низ ба сафҳои он мепайвастанд, ҷомеаи мо дар баробари чолиши ҷиддие қарор гирифта, масъалаи мубориза бо ифротгароӣ ва пешгирии ин раванд ба масъалаи рақами яки кишвар табдил шуда буд. Гарчи имрӯз низ таҳдиди он хатар ва аҳаммияти ин набард коҳиш наёфтааст, аммо хушбахтона, қуввати он раванд заиф гашта, сатҳи гароиши ҷавонони мо ба он фурӯкаш кардааст.
Ҳамон замон аз ширкату суханронӣ дар даҳҳо чорабинии ин мавзӯъ дар саросари кишвар бардоштам ин буд, ки бештари гӯяндагони азизи мо дар боби ифротгароӣ ҳамчун тафаккур ва равия огоҳии камтар дошта, аксари дониши онҳо бар пояи ҷамъоварии маълумоти шабакаҳо ва болотарин тасаввури онҳо аз хатари ифротгароӣ эҳтимоли эҷоди бесуботӣ аз сӯи онҳо буд. Яъне, мо аз эҳтимоли аз сӯи гурӯҳи ифиротгарое инфиҷор ёфтани як истгоҳ ё бино сахт дар ҳарос будем, аммо аз эҳтимоли аз сӯи тафаккури ифротгароӣ инфиҷор ёфтани фарҳангу арзишҳо ва завол ёфтани миллату давлати мо камтар меандешидем.
Маҳз бо ин дарк, дар ҳамон айёми корзор рисолаи ҳозир, яъне китоби «Хатари гурӯҳҳои ифртгароии динӣ дар чист?»-ро навишта будам, ки аз анбуҳи маводҳои ин мавзӯъ бо чанд вижагии худ фарқ дошт:
Аввалан, ин рисола на маҳсули пажӯҳиши интернетӣ дар боби «экстремиз ва терроризм» ва на маълумотномаи омориву такрорӣ дар бораи кӣ ва чӣ будани шахсу гурӯҳҳои ин сел, балки хулосаи таҷрибаи тӯлонии кор бо ин мавзӯъ ва бардошти тамоси зинда бо ин муҳит буд. Он метавонист мантиқи фикрӣ ва ҳолати ҳиссию равонии як ифротгаро ва ҷаҳони ботинии ӯро барои хонандаи худ бозкушоӣ кунад, ки дар амри муборизаи саҳеҳ бисёр зарур буд.
Сониян, ин рисола ифротгароиро танҳо ҳамчун хатар ба амният ва субот намедид, балки онро ҳамчун тафаккури таҳдидгар ба фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳастии ҳувиятӣ, эътиқоду мазҳабу адаб ва истиқлоли давлатии мо матраҳ мекард. Зеро ҳамин, ки дар харитаи хилофати ормонии «ДОИШ» ному нишоне аз Тоҷикистон набуд, барои ҳар тоҷики ватандор метавонист паёме ҷиддӣ бошад.
Сеюм, рисола ба бозкушоии бунёдҳои фикрию идеологӣ ва корбурдҳои сиёсию геополитикии мавҷи нави бунёдгароии ховаримиёнагӣ таваҷҷуҳи хоса нишон дода, рӯшан менамуд, ки акнун гурӯҳҳои ифротагрои динӣ на мухолифини низому ҳукуматҳои мо, балки мухолифини ҳастии давлатҳои мо мебошанд, онҳо акнун ҳатто на тағйири низом, балки маҳз маҳви давлатро дар барнома гузоштаанд. Ва мантиқан, муборзаи феълӣ бо онҳо дигар на мубориза барои қудрат, балки мубориза барои ҳифзи давлат ва бақои миллат аст. Ин бардошт мазмуни мубориза ва миқёсу фарогирии умумимиллии онро усулан тағйир медод.
Ва ниҳоят, гарчи мазмуну хулосаҳои ин рисола санҷидаву таҷрибиву илмбунёд буд, аммо равишу забони он бисёр содда ва оммавию осонхон буда, метавонист моҳияти чунин масъалаи мураккабро барои хонандаи оддӣ низ дастрасу рӯшан кунад. Бале, бинобар зарурати кори пешгирии гароиши ҷавонон ба ин раванди маргбор, рисола аз лаҳзаву равишҳои таблиғотии суханварӣ низ орӣ набуд.
Пас аз нашри аввалияи он дар соли 2014 рисола барои касоне, ки дар ҷабҳаи муборизаи фикрию сиёсию таблиғотӣ бо ифротгароӣ қарор доштанд, ба яке аз муҳимтарин маводу дастурамалҳои кори таблиғотӣ табдил гашта, истифодаи ниҳоят васеъ ёфт. Ҳатто дар бисёр маҳфилу нишастҳо дӯстоне, ки паҳлӯи муаллиф нишаста буданд, бахшҳое аз рисоларо матни суханронии худ карда буанд ва расонаҳо низ пора-пора аз онро бо имзоҳои «муаллифон» нашр мекарданд. Илова бар ин, соли 2018 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба матни ин китоб маҷмӯаи ҳуҷҷатҳои барномавии давлатӣ дар ин самтро афзуда, онро ҳамчун китоби муштараки муаллифон нашр намуд. Ҳамон сол аз сӯи Марказ рисола ба забонҳои русию англисӣ низ чоп гашт, ки албатта, он ҳарорату рехтагии матни тоҷикиро надошт.
Ҳамин тавр, ин китоб дар кори муборизаи миллӣ бо ифротгароӣ нақши ҷиддии худро гузошта, рисола рисолати худро то ҷое ба ҷой овард. То ҷое, ки нақши мазмуниву равишии он рӯи аксари маводи баъдии таълифшудадар ин мавзӯъ рӯшану ҳувайдост.
Бо гузашти ҳафт сол инак дар ин мавзуъ на танҳо пажӯҳишҳои арзишманд, балки санаду барномаҳои ҷиддие низ ба вуҷуд омадаанд, ки баъзе аз он дар сатҳи шоистаи назариявию амалгароӣ қарор доранд. Аммо, бо вуҷуди ба таърих рафтани ин китоб, имрӯз низ моҳе нест, ки чанд донишҷӯю пажӯҳишгару афсару корбар аз банда ин китобро, ки акнун ҳеҷ нусха надорам, дархост накунад.
Бо таваҷчуҳ ба ин тақозоҳо, матни аввалияи ин китобро пешкаши дӯстон намуда, танҳо ҳамин нуктаро меафзоям, ки омӯзиши ҷиддии матни он метавонад натанҳо барои фаҳми моҳият ва тафаккури ифротгароии динии мавҷи нав(1), балки барои фаҳми мантиқу фалсафаи навини муборизаи давлатиию ҷамъиятии мо бар зидди ин андешаи тахрибгар(2) низ бисёр муфид бошад.
Ва агар умр вафо кунад, бо ҳазму афзудани маълумоту таҷрибаи нодири солҳои охир, дар ин мавзӯи бунёдӣ рисолаи ҷиддитари илмию таҳлилӣ тадвин хоҳам намуд. Аммо аз назари манбаъшиносӣ, қимату аҳаммияти шакли аввалияи рисола ҳамчунон боқӣ хоҳад буд.
Бо камоли эҳтимом,
26.08.2020

 


1 комментариев для “Хатари тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгарои динӣ чист?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *