Давлат, сиёсат ва ҷомеа

Муаллифон: Саидмурод Ф., Бахтиёр Ҳ., Саидумрон С.
Ношир: “Ношир”
Саҳифа: 616
Соли нашр: 2018
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 2.35 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 23 нафар

 


Дар бораи китоб:

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст. Муаллифон дар нигоштаҳои худ кӯшиш кардаанд оид ба вазъи кунунии олам, фазои сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон, масъалаҳои мухталифи марбут ба зиндагии ҷомеаи муосир ибрози назар намоянд. Китоб барои сиёсатшиносон, муаррихон, хидматчиёни давлатӣ ва доираи васеи хонандагон муфид мебошад.

Дар қисми аввали китоб сию се мақолаи файласуф ва сиёсатшиноси маъруфи тоҷик Фаттоҳзода Саидмурод Самад ҷой дода шудааст, ки онҳо дар солҳои гуногун иншо шуда, аксари онҳо бо гузашти замон арзиши бештари илмӣ ва таърихӣ пайдо кардаанд. Нахустин бардошт аз мақолоти ин бахш он аст, ки муаллифи он аз оғози фаъолият то имрӯз дар мавриди баҳодиҳӣ ба равандҳои ҷомеа, таҳаввулоту тағйиротҳо мавқеаи мустаҳками ягона дорад ва назару андешааш ба масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ равшану возеҳ ифода меёбад. Дар китоб мақолаҳое ҷой дода шудааст, ки ҳанӯз дар соли 1991 таълиф гардида, фикру4 ақидаҳои ҷолибро фаро гирифтааст. Аз ҷумла, мақолаи “Демократия ё охлократия, ё худ чӣ гуна необлшевизм дар либоси демократҳо ҷилва дорад” фикру ақидаи муаллифро оид ба демократия, ислом ва необолшевизм равшан ифода менамояд. Муаллиф манзараи сиёсии ҷумҳуриро ба риштаи таҳқиқ кашида, воқеаву ҳодисаҳоро мӯшикофона таҳлил менамояд. Иқтибоси зерин дар мақолаи муаллиф аз назари фарох ва дурбинии сиёсии муаллиф дарак медиҳад: “Аристотели бузург дар китоби машҳураш бо номи Полития (Сиёсат) овардааст, ки демократия бояд бо қонунҳо маҳдуд карда шавад, вагарна ба охлократия табдил меёбад. Агар демократия мазмуни ҳукмронии халқро дошта бошад, охлократия маънии ҳукмронии издиҳомро дорад. Қувваҳои сиёсии ҷумҳурӣ ва парлумон бояд ҳаминро дар назар дошта бошанд. Агар ҳар як қувваи сиёсӣ издиҳомро ба майдон барораду фикрашро гузаронад, дар он сурат охлократия мутлақ, яке аз шаклҳои хатарноктарини ҳокимият ҳукмрон хоҳад шуд.

Мақолаҳои бахши дуввуми китоб ба қалами адабиётшинос ва рӯзноманигори тоҷик, сардабири ҳафтавори “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов тааллуқ дорад. Муаллиф дар нигоштаҳояш бештар ба таҳлилу баррасии авзои сиёсии ҷаҳон, сиёсати хориҷии кишвар, муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон, ҳамчунин масоили доғи ҷомеа, ки ислоҳи онҳо ногузир аст эътибор додааст. Бахтиёр Ҳамдамов ба воқеаву ҳодисаҳо, қазияву проблемаҳои мавҷуда назари хоси худро дорад ва хонандаро водор мекунад, ки сари он тафаккур намояд. Масоили ҳифзи марзу буми кишвар, тарбияи инсони ватандӯст ва дорои эҳсоси баланди худшиносии миллӣ ва давлатӣ, шинохти ҳақиқати зиндагӣ аз хасоиси умдаи мақолоти муаллиф ба ҳисоб меравад. Махсусан андешаҳои Бахтиёр Ҳамдамов дар мавриди падидаи номатлуби замон, паҳн ёфтани вабои аср-терроризм ва экстремизм дар қаламрави олам ҷолиб буда, барои пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ пешниҳодҳои мушаххаси худро баён мекунанд.

Дар бахши сеюми китоб мақолаҳои номзади илмҳои филология, адабиётшинос ва журналист Саидумрон Саидов ҷой дода шудааст. Як силсила мақолаҳои ин муаллиф  ба таҳлилу баррасии китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла “Тоҷикон дар оини таърих . Аз ориён то Сомониён”, “Чеҳраи мондагор” бахшида шудааст. Махсусан аз ҷониби муаллиф китоби “Чеҳраҳои мондагор” мавриди таҳқиқи амиқ қарор гирифта арзиши ин китоб мушаххас баён мешавад. Муаллиф дуруст қайд мекунад, ки китоби мазкур ”Хонандаи тоҷикро бо таърихии воқеии миллати тоҷик, корномаву корнамоиҳо, шебу фарози таърих, мардонагӣ ва пойдории миллати мо ошно месозад. Нигоштаҳои Пешвои миллат, тасвири воқеаҳои тақдирсози таърихӣ, муқоисаву муқобалаҳо ва хулосаҳо ҳамчун сабақи пандомези таърихӣ барои имрӯзиён ва ояндагон арзиши баланд дорад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *