Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: хусусиятҳо ва дурнамои таъсирпазирӣ

Муаллиф: Абдуллоҳи Раҳнамо
Ношир: «Ирфон»
Саҳифа: 398
Соли нашр: 2015
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 1,95 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 56 нафар

 


Дар бораи китоб:

Буҳрони Афғонистон, дарки дурусти моҳияти он ва ҷустуҷӯйи роҳи ҳалли ниҳоии он яке аз мавзӯъҳои калидии сиѐсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба шумор меояд. Китоби нави сиѐсатшиноси тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо ба ин мавзӯи куҳан бо нигоҳи комилан нав нигариста, таҳлили масъалаи таъсирпазирии дуҷонибаи Афғонистон ва Осиѐи Марказӣ ва ҳамчунин, баррасии амиқи равандҳои муосири ҷомеаи Афғонистонро дар бар мегирад. Бо вуҷуди печидагии мавзӯъ ва касбияти сатҳи таҳлил, китоб дар сабки содаи таҳлилии ҳамагонӣ навишта шуда, барои мутахассисон ва доираи васеи хонандагон тавсия мешавад


АФҒОНИСТОН АЗ НИГОҲИ ХУДӢ

Бо салому эҳтиром,

Имрӯз нусхаи сабтшудаи китоби «Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: моҳият ва дурнамои таъсирпазирӣ»-ро барои дӯстон мегузорам, ки пештар бо тақризи устодони ин мавзӯъ ва тавсияи Шурои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расида буд. Зимни ошноӣ бо ин асари калонҳаҷм (400 саҳ.), таваҷҷуҳи дӯстон ба нуктаҳои зерин муфид ё зарур мебуд:

  1. Китоб бо ин ҷумла оғоз мешавад, ки «ҳар касе дар бораи моҳияти буҳрони Афғонистон ва дурнамои он ба таври қатъӣ изҳори назар мекунад, шахсияту ҳайсияти илмии худро зери хатар мегузорад, зеро ин масъала то ҷое печида аст, ки дарку пешгӯии дақиқи ояндаи он дар асл номумкин мебошад.» Бо вуҷуди ин, дур аз баҳси ҳайсияти илмӣ ва бо нектарин нияти саҳмгузорӣ дар дарки дуруст ва ҳалли сареъи ин мушкилаи минтақавӣ, муаллиф таҷриба, таҳқиқ ва хулосаи холисонаи худро самимона ба миён гузоштааст.

  2. Китоб талоши колбадшикофии буҳрони Афғонистон, дарки моҳияти таҳаввулоти сиёсӣ, фарҳангӣ ва амниятии ин кишвар дар матни минтақа ва таъсирпазирии мутақобили он бо Осиёи Марказиро то ташкили “Ҳукумати ваҳдати миллӣ” дар бар мегирад. Аммо аксари равандҳои ин кишвар имрӯз низ бо ҳамон қонунмандиҳо идома дорад, ки ин ҳолат аҳаммияти китобро ҳамчунон ҳифз кардааст.

  3. Гарчӣ ҳануз аз замони шуравӣ мо дар Тоҷикистон мактаби хуби афғонистоншиносии касбӣ дорем, ин асар навъе гузор аз афғонистоншиносии классикии таърихнигорона ба афғонистоншиносии муосири сиёсатшиносона буда, аз назари методологӣ марҳилаи навини ин мактабро ифода мекунад. Аз ин рӯ, хонандаи огоҳ дармеёбад, ки бештари масъалагузориҳо ва натиҷабардориҳои он аз навиштаҳои анъанавии ин самт тафовути ҷиддӣ доранд. Муҳимтарин талоши равишшинохтии асар аз бори гарони мероси истеъморӣ озод намудани афғонистоншиносии ватанӣ ва бо нигоҳи худиву минтақавӣ нигаристан ба ин кишвари наздиктарин ва ин масъалаи мушкилтарин аст.

  4. Бо вуҷуди печидагии буҳрони Афғонистон, мутолиаи амиқи ин китоб метавонад муқаддимаи хубе барои афғонистоншиносии ҳар мутахассис ва коршиносу сиёсатшиносу сиёсатмадор бошад. Зеро он талош кардааст, ки ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, қавмӣ, геополитикӣ ва иҷтимоии ин буҳрони азими асрро бо диди нав ва забони содда ва “бе тарҷума” рӯшан намояд.

  5. Китоб ҳаргиз таҳқиқи дафтарӣ ва фосилавӣ набуда, дар асоси маводи китобию интернетӣ таълиф ва тадвин нашудааст, балки муаллиф солҳои зиёд бо омӯзиши бевоситаи мавзӯъ машғул буда, диду таҳлили таҷрибӣ ва зиндаи худро аз андаруни равандҳо берун додааст. Бинобар ин, хулосаву мавқеъҳои ироашудаи он ба худи муаллиф тааллуқ доранд ва бояд бо ҳамин унвон ба назар гирифта шаванд.

  6. Боби дуввуми ин китоб, ки ба маҷмуаи равобити Тоҷикистон ва Афғонистон бахшида шудааст, шояд муҳимтарин бахши он аст, ки дидгоҳи тозаеро барои такмили назария ва амалияи сиёсатгузории мо дар ин самти муҳимми стратегӣ ироа намудааст. Он на танҳо зарурати таҳаввули нигоҳи сиёсӣ ва иқтисодӣ, балки зарурати бознигарии дидгоҳи арзишӣ ва равонии мо нисбат ба ин кишвар ва нисбат ба моҳият, аҳаммият ва буҳрони ин кишварро ба миён мегузорад. Ба ибораи дигар, дар он тарҳи муаллифии нигоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самти “ҷануб” бар пояи манфиати ҷонибҳо ва ҳамарзишиву некӯҳамсоягӣ ироа шудааст.

  7. Нусхаи ҳозир матни чопи расмию оммавии китоб буда, ба таври табиӣ тамомии дониставу хулосаву пешниҳоду мулоҳизаҳои муаллифро дар ин самт дар бар намегирад, балки дар он матлабҳо дар ҳадди зарфияти фазои иттилоотӣ ва ҳассосияти муҳити сиёсии минтақавӣ ба миён гузошта шудаанд.

  8. Дар поёни китоб матни комили ду ҳуҷҷати бисёр муҳими таърихӣ, яъне «Мувофақатнома миёни ду тими интихоботӣ дар мавриди сохтори Ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон» ва «Қарордоди ҳамкориҳои амниятӣ ва дифоӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ баргардон, вожанависӣ ва замима шудааст, ки омӯзиши муҳаққиқонаи сабку ҷузъиёти онҳо барои таърихнигорону сиёсатшиносону сиёсатмадорони тоҷик аҳаммияти фавқулоддаи илмӣ, сиёсӣ ва таҷрибӣ хоҳад дошт.

  9. Китоб барои хонандагони тахссусманди риштаҳои таърихиву сиёсию амниятӣ ва низ барои доираи васеи хонандагони алоқаманд ба ин мавзӯъи мубрами аср пешбинӣ шудааст.

бо умеди нигоҳи некназар ва илммеҳварии Шумо,
Абдуллоҳи Раҳнамо


 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *