Эмомалӣ Раҳмонов – поягузори Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ

Муаллифон: Шарипов А., Фаттоев С.
Ношир: «Деваштич»
Саҳифа: 378
Соли нашр: 2006
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл:  1,53 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 4 нафар

Дар бораи китоб:

Дар китоб аввалин иқдоми наҷибонаи таҳлилӣ ва фарогирандаи омилҳои муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар солҳои 1996-1999, ҷараёни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва такмили низоми идоракунӣ инъикос гардидааст.

Муаллифон рафти мулоқоту машваратҳои тарафҳои даргир ва билохир 27 июни соли 1997 имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеаро ҳамчун бузургтарин рӯйдоди таърихии давронсоз ба қалам дода, хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмоновро дар ин марҳалаи муҳиму ҳассос таъкид намудаанд.

Китоб ҳамчун манбаи комили иттилоотию таҳлилӣ барои доираи фарохи хонандагон, сиёсатшиносону муаррихон, устодону шогирдони макотиби олӣ, аспирантон ва муҳаққиқони дохилу хориҷ пешбинӣ шудааст.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *