Розҳои оиладорӣ

Муаллиф: Дилафрӯз Қурбонӣ
Ношир: Мастер-Принт
Саҳифа: 128
Соли нашр: 2014
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 676 Кб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 240 нафар

 


Дар бораи китоб:

Китоби таълиф намудаи Дилафрӯз, ки мавзӯи оила ва оиладориро дар бар гирифтааст, як падидаи навест. Дилафрӯз тавонистааст, ҳамаи воқеъа ва руйдодҳои зиндагиро ба риштаи тасвир бикашад ва ба хонанда, барои аз мушкилиҳои зиндагӣ андаке раҳоӣ ёфтан маслиҳат бидиҳад.

Дилафрӯз ба таври худ, аз диди ҷавони худ, ба хонандааш маслиҳатҳо медиҳад. Вақте ки мо зиндагиро бо ҳавасхо оғоз мекунем, чӣ бояд кард то охир биравем ва тавонем аз ҳар мушкилие, ки моро дунболагир мешавад ба хубӣ берун оем. Маслиҳатҳои Дилафрӯз мактаби хубест, барои ҷавононе, ки тоза оила барпо мекунанд ва мехоҳанд, ки дар зиндагӣ раҳгум назананд.


Дар бораи муаллиф:

Қурбонӣ Дилафрӯз 2 июли соли 1981 дар деҳаи Душанбеи ноҳияи Фархор дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Айёми тифлию наврасияшро дар ҳамон ҷо паси сар кардааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами №52 ба омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷат супорида, пас аз таҳсил соҳибихтисос мегардад. Барои идома додани таҳсил, ба пойтахти кишвар-Душанбе раҳсипор мешавад. Дар Донишгоҳи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи М. Турсунзода дохил шуда, ҳамзамон дар ансамбли эстрадии «Гулшан» ба фаъолияти сарояндагӣ шурӯъ мекунад. Дар ҷамъомадҳову чорабиниҳои давлатӣ ширкати фаъолона менамояд. Новобаста ба душвориҳои донишҷӯӣ чанд суруду оҳанг сабт кардаву ба навор мегирад. Дар барномаҳои театрӣ низ худашро санҷида, нақшофарӣ намудааст.

Баъди хонадоршавӣ, худашро ба оила мебахшад ва саҳнаи ҳунарро тамоман тарк намуда, канор меравад. Бо амри тақдир чандин сол дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ кардааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд. Аз хурдӣ ба шеъру достон, назму наср, хулоса ба адабиёти клоссику муосир шавқу рағбати беандоза дошт.

Орзуи аҳли фарҳангу соҳибқалам шуданро дар дил мепарварид, зеро волидайни фарҳангдӯстдораш ӯро дар як муҳите ба воя мерасонданд, ки саршор аз илму адаб, накҳати хирад ва атри нафиси камолот буд. Ҳанӯз хонандаи синфи панҷум буд, ки шеъргунаҳоеро аз эҷоди хеш ба як дафтар ҷамъ оварда, мутаасифона, онро аз даст медиҳад. Ба сабаби ин зарба дигар аз навиштан даст мекашад, вале ҳеҷ гоҳ аз олами зебои адабиёту фарҳанг дур набуда. Чандин муддат аст, бо пеш омадани шароити мусоид қаламро дӯсту ҳамнафаси хеш қарор дода, ба навиштану эҷод машғул аст. Мусоҳибаву мақолаҳо, достонҳову ҳикояҳояш дар матбуоти даврӣ, аз ҷумла «Фирӯза», «Адабиёт ва санъат», «Ҷумҳурият», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Чархи гардун», «Оила», «Дишидак», «Роҳнамои хонавода» ва ғайра, пайваста рӯи чоп меоянд. Ба узвияти Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст. Китобҳои то имрӯз рӯйи чоп омадааш: китоби «Қуръоннома»– и доктор Умеди Маҷд (баргардон аз фосӣ ба сириллик), китоби «Китоби орзуҳо», китоби «Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт»-хотироти шифоҳии академик Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ (рӯйи чоповаранда), китоби «Мӯйсафед»-и Аминии Деҳақӣ (баргардон аз форсӣ ба сириллик), китоби «Ҷуръае аз ҷом» аз «Ҳафт авранг»-и  А. Ҷомӣ (баргардон аз форсӣ ба сириллик), китоби «Шоҳмот бо мошини қиёмат»-и Ҳабиби Аҳмадзода (баргардон аз форсӣ ба сириллик) …

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ иштироки фаъолона дошта, мекӯшад дар фазои маҷозӣ низ рисолати адиб буданро сарбаландона анҷом диҳад.

Забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва хатти форсиро мусаллат буда, ба корҳои тарҷумавию баргардонӣ низ машғул аст. Айни ҳол дар баҳри беканору маввоҷи «Адабиёт» бо заврақи сухан ба шиноварӣ машғул мебошад. Умед бар он мебандад, ки дар ҷодаи фарҳангу адабиёти кишвар заҳмат кашида, ба халқи азизу сарбаландаш хидматҳои шоёнеро ба анҷом бирасонад.


МУНДАРИҶА:
      • Пешгуфтор
      • Туро дилест пур аз вафову муҳаббат
      • Муқаддима
      • Чаро издивоҷ кунем?
      • Интихоби ҳамсари шоиста
      • Меҳру муҳаббат
      • Эътимоду боварӣ
      • Қадршиносӣ
      • Парҳез аз айбҷӯӣ
      • Созгорӣ
      • Сарпарасти хонавода
      • Рӯзгордорӣ
      • Ҳамбистарӣ
      • Фарзанддорӣ
      • Талоқ
      • Пасгуфтор


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *