Дар бораи китоб:
Китоб аз се бахш мураттаб шудааст. Дар бахши аввал тақризҳо, номаҳо, вокунишҳо нисбати асари бузургҳаҷми профессор Карим Абдулов «Сиёсатномаи асри XXI», ки тӯли солҳои охир ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ба хатти ниёгон (дар шаҳри Машҳади Эрон) ба табъ расидааст, гирдоварӣ шудаанд.
Бахши дуввум гузоришҳоро аз маҳфилҳои муаррифии «Сиёсатномаи асри XXI», ки дар манотиқи гуногуни кишвар, минҷумла дар Душанбе, Хуҷанд ва Истаравшан баргузор шуданд, дарбар мегирад.
Бахши саввум аз гуфтаҳо ва муҳаббату самимияти дӯстону пайвандон ба нисбати устод Карим Абдулов фароҳам омадаанд.
Бешубҳа, ин маҷмӯа ба дарки ҳамаҷонибаи моҳият ва мазмуну мундариҷаи «Сиёсатномаи асри ХХI» кӯмак хоҳад расонд. Умедворем, ки он аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта хоҳад шуд.