Фарҳанги наввожаҳои тоҷикӣ

Муаллиф: Пирмањмад Нуров
Ношир: «?»
Саҳифа: 145
Соли нашр: 2020
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 104 нафар

 


Дар бораи китоб:

Дар Фарҳанг тақрибан 3500 вожаи нави тоҷикӣ ва маъниҳои луғавии онҳо, ки зимни таҳлили таркиб ва захираи луғавии забони тоҷикӣ аз батни луғатномаву фарҳангҳои дастрас, мушоҳидаҳои шахсии муаллиф нисбат ба ҳодисаву рӯйдоду падидаҳои табиат, таҷрибаи ҳаёт, шунидаҳо, хондаҳо, ҳамчунин зимни сохтани ҳамгунаи тоҷикии истилоҳоти илмию техникии русӣ (англисӣ), гирдоварӣ ва мавриди баррасии умум қарор дода шудааст. Вожаҳои нав дар заминаи вожаҳои асили тоҷикӣ ва баъзан омехта бо вожаҳои маъмули арабиасли тоҷикӣ сохта шудаанд ва имкон дорад ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ ворид шуда, онро ғанӣ гардонанд. Дар баробари сохтани баъзе вожаҳои нав, бархе вожаҳои дар шеваҳои тоҷикӣ маъмул низ ба гуфти устод Садриддин Айнӣ «бо сӯҳони қоида суфта ва бо чилбури маънӣ сайқал дода» корбаст шудааст.

Умедворем, ки ин тасмим дар оянда аз тарафи мутахассисони истилоҳсоз ва забоншиносони кишвар идома пайдо хоҳад кард ва бо ин роҳ таркиби луғавии забони тоҷикӣ боз ҳам ғанитар хоҳад шуд.


Дар бораи муаллиф:

Пирмаҳмад Нуров (Нуров Пирмаҳмад Гулович; 16 майи 1964, ноҳияи Айнӣ, деҳаи Шаватки Боло) — истилоҳшинос, доктори илмҳои филологӣ, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ.

Зиндагинома

Нуров Пирмаҳмад Гулович соли 1964 дар деҳаи Шаватки Болои ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Соли 1981 пас аз хатми мактаби таҳсилоти миёнаи ин деҳа ба факултети физикаи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дохил гардида, соли 1986 онро бомувафаққият хатм намудааст. Тайи солҳои 1986-1995 дар факултети физикаи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба сифати озмоишгар, сарозмоишгар, сармуҳандис, мудири Озмоишгоҳи физикаи атом ва ҳаста ва асистенти Кафедраи физикаи ҳаста фаъолият намудааст. Солҳои 1995-1998 ба сифати омӯзгори кафедраи ҳарбии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 1999 дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумурии Тоҷикистон дар вазифаҳои сардори Шӯъбаи илмию техникӣ ва сардори Шуъбаи илмию ташкилӣ фаъолият мекунад.

Фаъолияти илмӣ

Солҳои 1989-1992 дар аспирантураи назди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Соли 1997 дар Шӯрои диссертатсионии назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Становление и развитие таджикской физической терминологии» («Ташаккул ва таҳаввули истилоҳоти тоҷикии физикӣ») дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ ва соли 2017 дар Шӯрои диссертатсионии назди ҳамин институт рисолаи докториро дар мавзуи «Таджикская научно-техническая терминология: теоретический и прикладной аспекты» («Истилоҳоти илмию техникии тоҷикӣ: ҷиҳатҳои назариявӣ ва амалӣ») дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ гардидааст. Дар таҳқиқоти илмии Нуров Пирмаҳмад Гулович бори нахуст дар илми забоншиносии тоҷикӣ таърихи ташаккулу такомули забони илмии тоҷикӣ, мушкилоту душвориҳои мавҷуда дар эҷод ва рушди минбаъдаи он, ҳамчунин масъалаҳои назариявию амалии истилоҳоти илмии техникии тоҷикӣ мавриди таҳқиқу таҳлил қарор гирифта, роҳҳои татбиқи забони тоҷикӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ, қоидаҳои сохтани муодил (ҳамто)-ҳои тоҷикии истилоҳоти илмии техникии русӣ, қоидаҳои мураттабу якгунсозӣ (унификатсия) ва ситандартсозии истилоҳоти илмии техникӣ дар забони тоҷикӣ, қоидаву меъёрҳои иктибоси истилоҳоти байналмилалии илмии техникӣ ва қоидаҳои интихобу ҷобаҷогузории истилоҳҳои илмии техникӣ дар луғатномаҳои истилоҳот муайян карда шудаанд.

Осор

Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада шаш асари илмӣ, панҷ фарҳанги русӣ-тоҷикии истилоҳотӣ оид ба илмҳои дақиқ ва техникӣ ва бештар аз 150 мақолаҳои илмӣ ва илмии оммавӣ оид ба масъалаҳои истилоҳоти илмии техникии тоҷикӣ ва забони илмии тоҷиқӣ ба нашр расонидааст. Ҳамчунин бо мақсади рушди соҳаи маориф чаҳор китоби таълимиро барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбии ҷумҳурӣ аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума намудааст. Дар омода намудани мақолаҳои энсиклопедӣ барои таҳияи Энсиклопедияи Миллии Тоҷикистон дар соҳаҳои физика, техника ва астрономия саҳми арзанда гузоштааст. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии Нуров Пирмаҳмад Гулович дар омӯзишу таҳқиқи минбаъдаи забони илмии техникии тоҷикӣ, ба вуҷуд овардани назарияи истилоҳоти илмии техникии тоҷикӣ, ҳамчунин хондани лексияҳо ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ оид ба «Таърихи ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии техникии тоҷикӣ», «Забони адабиёти илмии техникии тоҷикӣ ва хусусиятҳои луғавии он», «Назарияи истилоҳоти илмии техникӣ», «Қоидаҳои сохтани истилоҳоти илмии техникӣ дар забони тоҷикӣ», ҳамчунин таҳия ва тарҷумаи китобҳои дарсӣ оид ба асосҳои илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ аҳамияти махсусро соҳибанд.

Китобҳо (Монографияҳо)
  1. Нуров П.Г. Истилоҳ ва истилоҳсозӣ дар забони илмии тоҷикӣ. – Душанбе: – Дониш, 2006. -222с.
  2. Нуров П.Г. Масъалаҳои омӯзиш, таҳқиқ ва татбиқи забони илмии тоҷикӣ. – Душанбе: Дониш, 2008. – 165 с.
  3. Нуров П.Г. Таджикская научно–техническая терминология [Текст]/П.Г.Нуров. – Душанбе: Дониш, 2009. – 168 с.
  4. Нуров П.Г. Теоретической и прикладной аспекты таджикской научно-технической терминологии. [Текст]/П.Г.Нуров. – Душанбе: Дониш, 2017. – 287 с.
  5. Нуров П.Г. Основные принципы построения научно-технических терминов в таджикском языке. – LAP LAMBERT Academic publishing RU: 2017. – 145 c.
  6. Нуров П.Г. Истилоҳшиносӣ. – Душанбе: Дониш. – 2018. – 139 с.
  7. Нуров П.Г. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. – Душанбе: Дониш. – 2018. – 97 с.
Фарҳангҳо
  1. Нуров П. Г., Муллоев А.Луғати мухтасари русӣ-тоҷикӣ ва тоҷикӣ-русӣ оид ба электротехника.– Душанбе:, 2009. –254 с.
  2. Нуров П.Г. Фарҳанги русӣ ба тоҷикии истилоҳоти илмҳои дақиқ ва техникӣ.– Душанбе:, 2013. – 619 с.
  3. Нуров П.Г. Фарҳанги мухтасари калимаҳои истилоҳӣ ва истилоҳбоби тоҷикӣ дар адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. – Душанбе: Дониш, 2014. – 216 с.
  4. Нуров П.Г. Фарҳанги русӣ-англисӣ ба тоҷикии политехникӣ. – Душанбе: Дониш 2016. – 608 с.
  5. Нуров П. Фарҳанги тафсирии русӣ ба тоҷикӣ оид ба фаъолияти инноватсионӣ ва илмию технологӣ. Душанбе: Дониш 2019. – 262 с.
  6. Фарҳанги наввожаҳои тоҷикӣ. Душанбе, 2020. – 145 с.
Мақолаҳои илмӣ
  • Нуров П.Г. Ташаккул ва таҳаввули истилоҳоти илмӣ дар забони тоҷикӣ. //Ахбороти АИ ҶТ. Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ. 1995. №3-4, с.65-73
  • Нуров П.Г. Масъалаҳои муҳими истилоҳшиносӣ дар забони тоҷикӣ. //Ахбори АИ ҶТ. Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ, 2005. №1, с.49-56.
  • Нуров П.Г. Услуби илмӣ ва хусусиятҳои луғавии он дар забони тоҷикӣ//Ахбороти АИ ҶТ. Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ. 2003. №4, с.41-46
  • Нуров П.Г. Развитие таджикской физической терминологии // Известия Академии наук. Отделение общественных и гуманитарных наук. 2004. №1, с.21-25.
  • Нуров П.Г. О роли русского языка в становлении и развитии современной научно-технической терминологии таджикского языка. //Известия Академии наук. Отделение общественных и гуманитарных наук. 2005. №4, стр.70-74.
  • Нуров П. Г. Вопросы унификации таджикской научно-технической терминологии в процессе глобализации. //Известия Академии наук. Отделение физико-математических, химических и геологических наук. 2007. №1(126), стр.112-116
  • Нуров П.Г. Манбаъҳои ташаккули истилоҳоти илмии техникӣ дар забони тоҷикӣ//Ахбори АИ ҶТ. Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ. 2008. №1, с.77-81.
  • Нуров П.Г. Способы построения таджикских эквивалентов русских научно–технических терминов /П.Г.Нуров // Известия АН Республики Таджикистан. Отдел. физико–математических, химических и геологических наук. – 2010. –№4(141). – С. 115–121.
  • Нуров П.Г. Принципы отбора и размещения научно–технических терминов в русско–таджикских терминологических словарях /П.Г.Нуров //Известия АН Республики Таджикистан. Отдел. физико–математических, химических и геологических наук. –2011. –№2(143). – С. 144–150.
  • Нуров П.Г. Способы построения научно–технических терминов в таджикском языке/П.Г.Нуров //Филологические науки. Вопросы теории и практики. –2012. –№6(17). – С. 104–108.
  • Нуров П.Г. Дурнамои рушди забони илмии тоҷикӣ ва истилоҳоти он //Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир. ––2014. –№1(39). –С.90–97.
  • Нуров П.Г. Истилоҳоти илмии техникии тоҷикӣ ва хусусиятҳои забонии он. //Паёми Донишгохи миллии Тоҷикистон. –2014. –№4/3(137). –С .48–52.
  • Нуров П.Г. Особенности таджикского научно-технического термина [Текст]/П.Г.Нуров //Вестн. Тадж. тех. ун-. –2015. –№1. –С. 128–132.
  • Нуров П.Г. Нақши тарҷума дар ташаккули истилоҳоти илмию техникии тоҷикӣ // Паёми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон. – Душанбе, 2015. –№1. – С. 333–337.
  • Нуров П.Г. Теоретико-лингвистическое описание таджикской научно-технической терминологии /П.Г.Нуров//Вестн.ун-(Российско-Таджикский(Славянский) университет). – Душанбе: РТСУ, 2016. – №3, ч.2. – С.153-162.
  • Нуров П.Г. Роҷеъ ба чанд қолаби сохтани истилоҳоти илмию техникӣ дар забони тоҷикӣ/П.Г.Нуров//Ахбори АИ ҶТ. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ. – Душанбе: 2018. – №3 (253). – С.128-133.
  • Нуров П.Г. Забони илмии тоҷикӣ дар замони давлатдории Сомониён (асрҳои IX-X) /П.Г.Нуров//Ахбори АИ ҶТ. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ. – Душанбе: 2019. – №1/1 (255). – С.90-95.
  • Нуров П.Г. Таджикский научный язык в эпохе Саманидов (IX-X вв.) /П.Г.Нуров //Саманиды – уникальный исторический феномен в мировой цивилизации. – Душанбе: 2019.– С.269-285.

Мукофотҳо ва ҷоизаҳо

  • Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (соли 2015).
  • Дорандаи Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (2019)

 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *