Пойгаҳ

Муаллиф: Муҳаммад Ғоиб
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 40
Соли нашр: 2004
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 336 Кб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 15 нафар

 


Дар бораи китоб:

Маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон ва наврасон


Дар бораи муаллиф:

Муҳаммад Ғоиб – шоир, узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС, Шоири халқии Тоҷикистон (2001), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008).

Зиндагинома

Муҳаммад Ғоиб 16 марти соли 1954 таваллуд шуда, соли 1977 факултети физикаю метематикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Муҳаммад Ғоиб баъди хатми донишкада соли 1977 ба ҳайси мухбири Кумитаи телевизион ва радио дар минтақаи Кӯлоб ба фаъолият шурӯъ карда, аз соли 1987 то соли 1990 мухбири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар ин минтақа буд. Номбурда аз соли 1990 то соли 1995 раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои собиқ вилояти Кӯлоб, аз соли 1995 то соли 1997 роҳбари қароргоҳи ҳукуматии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, аз соли 1997 то соли 2000 –ум раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон, аз соли 2000 –ум то соли 2004 муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон, аз соли 2004 то соли 2008 директори Киностудияи «Тоҷикфилм» аз соли 2008 то 2012 директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон буд. Муҳаммад Ғоиб соли 1981 узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС гардид.

Эҷодиёт

Муҳаммад Ғоиб муаллифи зиёда аз 40 асар, аз ҷумла «Турнаҳо», «Роҳи деҳа», «Фарёди ёдҳо», «Меҳри гиёҳ», «Хоки ватан», «Гавҳари меҳр», «Нури дида», «Боми сипеҳр», «Гумгаштапайдо», «Роҳи каҳкашон», «Пойгаҳ», «Ватани Наврӯз», «Фархундапай», «Шоҳи Ҳамадон », «Сад ғазал», «Поси ошноӣ», «Парчами нанг», «Девон» «Каъбаи дил», «Подарок» (бо забони русӣ), «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» ва ғайра мебошад. Ҳамчунин якчанд очерку новеллаҳои телевизионӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Драмаҳои машҳури «Шоҳи Ҳамадон», «Мири Кабир», «Имоми Аъзам», «Арвоҳзада», «Зиндамаргон», «Волидони беворис», филмномаҳои «Гумгаштапайдо», «Пуштаи хандақпеч», «Ҳасрати дидор», «Вафодор» ва ғайра зодаи эҷоди ӯянд.

Мукофот ва ҷоизаҳо

Соли 1999 бо ордени «Шараф» сарфароз гардонида шуд. Ӯ соли 2001 соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон, соли 2008 соҳиби Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ,соли 2012 дорандаи медали ҷашнии «100-солагии матбуоти тоҷик» ва соли 2013 барандаи Ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳин гардид.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *