Соҳибистиқлолӣ ва ташаккули иқтисоди миллӣ

Муаллиф: Аброр Мирсаидов
Ношир: ?
Саҳифа: 250
Соли нашр: 2007
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 2,16 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 4 нафар

Дар бораи китоб:

Дар китоб раванди ташаккулу инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, бозори милли, тарзу услуби идоракунии ин раванд, накши соҳаҳои мухталифи кишвар, иқтисодиёти минтақа, муносибатҳои иҷтимоӣ-маданӣ, омилҳои ғайриӣқтисодии рушд (империализми иқтисодӣ), таҳаввулоти шуурии созандаи мардуми кишвар дар ташаккулу рушди иқтисоди миллӣ ва пайваста ба он муаммоҳои садди роҳ ва роҳҳои ҳалли он мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифтааст. Китоб бар асоси манобеъ, сарчашмаҳои мутмаин ва маводҳои расмӣ таълиф шуда, барои муҳаққиқон, устодон, донишҷӯёни риштаи иқтисодӣ ва алоқамандони сиёсати иқтисодии кишвар муфид аст. Итминон дорем, ки китоб мақбули доираи васеъи хонандагон низ, хоҳад шуд.


Дар бораи муаллиф:

Аброр Бобоевич Мирсаидов (05.03.1958, д. Далёни Поёни ноҳияи Спитамен), иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (1994).

Зиндагинома

Дастпарвари Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон (1980). Ассиссенти кафедраи иқтисоди сиёси (1980-1982), аспиранти Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон (1982-86), сармуаллим (1986-1993), дотсент, мудири кафедраи молия ва мухосибот, ноибдекани факултаи иқтисоди (1993-1995), мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1995), декани факултаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва менеҷменти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДХБСТ) (аз с.1996). Муаллифи зиёда аз 90 мақолаи илмӣ доир ба масъалахои нархгузори ва танзими давлатии нарх.

Осори илмӣ

  1. Ценообразование на продукцию сельского хозяйства. – Душанбе,1993;
  2. Государственное регулирование цен. – Душанбе, 1993;
  3. Цена и рынок: вопросы регулирования. -Худжанд, 1995 (в соавт.);
  4. Справочник экономиста. -Худжанд, 1996 (в соавт.).

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *