Асосҳои математикам олӣ барои ихтисосҳои иқтисодӣ

Муаллиф: А.С. Сатторов
Ношир: «ЭР-граф»
Саҳифа: 464
Соли нашр: 2011
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 10,8 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 25 нафар

Дар бораи китоб:
Китоби дарсии мазкур дар асоси барномаи таълимӣ аз фанни математикаи олӣ барои мактабҳои олӣ аз рӯи ихтисосҳои иқтисодӣ навишта шудааст. Ин барномаи нави таълимӣ мувофиқи талаботи имрӯза ба иқтисоди бозоргонӣ тартиб дода шудааст, ки иқтисодчӣ бояд донад.

Дар китоб маводҳои назариявӣ аз математика оварда шуда, ҳалли мисолу масъалаҳо иишон дода,шуда дар охири ҳар боб мисолҳо ва масъалаҳо барои кори мустақилона пешниҳод карда шудаанд. Диққати асосӣ ба ҳалли мисолу масъалаҳо дода мешавад.Китоби мазкур барои донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ, факултетҳои табиатшиноси мактабҳои олӣ ва доираи васеъи хонандагон пешниҳод карда мешавад.


Дар бораи муаллиф:

Абдуҷаббор Сатторов (23 майи 1946, Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 2 майи 2013, Душанбе, Тоҷикистон) — таърихшинос, номзади илмҳои таърих (1984), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998), Узви пайвастаи Академияи илмҳои иҷтимоиву педагогии Федератсияи Русия (1999). Аввалин ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (1996-2004).

Зиндагинома

Абдуҷаббор Сатторов 23 майи соли 1946 ба дунё омадааст. Пас аз хатми факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе (ДДОД ба номи Т. Шевченко) ба сифати омӯзгор дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Фархор ба фаъолият шурӯъ намуда, баъдан то ба вазифаҳои масъули муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст. Ӯ солҳои 1971-1984, дар вазифаҳои гуногуни ташкилотҳои комсомоли ҷумҳурӣ фаъолият намудааст. Солҳои 1984-1985, котиби якуми ҲК ҶШС Тоҷикистон дар ноҳияи Советский, с-ҳои 1985-1986, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар Душанбе, с-ҳои 1986-1988 котиби ҲК ҶШС Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб, с-ҳои 1988-1991, сардори раёсати мактабҳои олии вазорати маориф, муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, с-ҳои 1991-1996 раиси Кумитаи давлатии ҷавонон, варзиш ва туризми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва с-ҳои 1996-2004 ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буд. Ҳамучун аввалин сарвари Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар рушди ин мактаби олӣ саҳми арзанда гузоштааст. Баъди беморӣ ба касби омӯзгорӣ гузаштааст. Аз соли 2004 то вопасин рӯзҳои умраш профессори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон будааст. Ӯ 2 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Фаъолияти илмӣ

Абдуҷаббор Сатторов доир ба илми таърих, маорифшиносӣ ва диг. тадқиқотҳои зиёде ба сомон расонида фишурдаи маърӯзаҳо ва мақолаҳои илмиаш дар маҷмуаҳои илмӣ ва илмию методӣ дар ҷумҳурӣ ва Русия ба табъ расидаанд. Абдуҷаббор Сатторов аз худ 10 монография, 3 китоби дарсӣ ва даҳҳо мақолаҳои илмиву оммавӣ боқӣ гузоштааст. Барои саҳми хеш ӯ Узви пайвастаи Академияи илмҳои иҷтимоиву педагогии Федератсияи Русия (1999) интихоб шудааст.

Ҷоизаҳо

  • Аълочии маорифи Тоҷикистон
  • Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998)

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *