Шиблии Истаравшанӣ

Муаллиф: Аҳрор Мухторов
Ношир: «Амри илм»
Саҳифа: 36
Соли нашр: 2000
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 9,22 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 40 нафар

Дар бораи муаллиф:

Аҳрор Мухторов – олим, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1991), доктори илми таърих (1971), профессор (1982), Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2007).

Зиндагинома

Аҳрор Мухторов 5 ноябри соли 1924 дар шаҳри Уротеппа) дида ба олами равшан кушодааст. Ӯ соли 1939-1941 аввал донишҷӯи факултаи коргарӣ, баъд Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе (ДДОД ба номи Т. Шевченко) гардид, соли 1942 ихтиёран ба набардгоҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафт ва баъди анҷоми он то соли 1947 дар хизмати ҳарбӣ монд. Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе (ДДОД ба номи Т. Шевченко)ро хатм кардааст (1951), ихтисос – «таърихи ИҶШС». Муддате дар ҳамин ҷо дарс дод, чанде ба ӽайси мудири шӯъбаи дастхатӽо ва китобӽои нодири Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ заҳмат кашид. Котиби илмӣ, и.в. директор (1958-1959), мудири бахши таърихи асрҳои миёна (1959-1991), сарходими илмии (1991-2007) Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърих, сарчашмашиносӣ. Самтҳои асосии фаъолияти илмии А. Мухторов сарчашмашиносӣ ва дар асоси он таҳқиқи таърихи халқҳои Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон аст. Аҳрор Мухторов дар илми таърихи миллатамон аввалин нафарест, ки даст ба мавзӯъи ниҳоят муҳим – омӯзиши катибаҳо зад, роҳи эҷодиаш ба ин масъалаи ноомӯхта тавъам шуд. Ба қавли устодаш академик Александр Семенов «ганҷ парешонро аз вайронаҳо ба дили халқ кӯчонд». Олими бисёр васиқа, хитоба, шоҳиднома, айбнома, ҳукмнома ва ғайраро пайдо намуд, ки барои омӯзиш, таҳқиқ ва таҳлилу кушодани муаммоҳои таърихи халқамон мадад расонданд. Олими бисёр дастхатҳо, санадҳои ҳуқуқии асримиёнагӣ, эпиграфияи рӯи сангҳо ва деворҳои кӯҳан маҳфузбударо омӯхта, дар асоси онӽо ба ҳалли бисёр масъалаҳои таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавии замон муваффақ гардид. А. Мухторов ба мушкилоти таърихи сиёсии замони гузашта ҷиддан таваҷҷӯҳ намуд ва бар пояи маълумоти нодири хаттӣ давраҳои ҳукмронии бисёр ҳокимони минтақаро барқарор ва ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданиро дар ғарб аз Бойсун ва дар ҷануб то Файзобод мавриди омӯзиш қарор дода, ба паҳлӯҳои номаълуми шӯришҳои халқӣ (соли 1469 дар Самарқанд, 1810 дар Бухоро, 1887 шӯриши Восеъ) бо мадраки фаровон равшанӣ андохт. Асарҳои илмиаш перомуни шаҳрҳои Ҳирот, Қандаҳор, Ғазна, Кобул, Ҷалолобод, Буст, Лашкаргоҳ, Балх ва ғайра аҳамияти ҷаҳонӣ доранд.Қобилияти илмии ин донишманди серкор дар ҷодаи илми таърихи халқи тоҷик, ки қисми ҷудонашавандаи таърихи ҷаҳонист, сазовори эътирофи умум гашт.

Институти библиографии Амрико соли 1994 олими барҷастаи тоҷикро ба нашрияи байналмилалии «500 шахсони машҳури ҷаҳон» ворид сохт, ҳамин Институт вайро «Одами сол-1995» эълон намуд. Асарҳои илмии академик Аҳрор Мухторов дар нашрияӽои мамолики ҷаӽон – ИМА, Англия, Олмон, Русия, Италия, Эстония, Чехия, Исроил, Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва ғайраҳо ба табъ расида, шӯӽрати илми таърихи миллатро бардоштанд. Ҳанӯз соли 1980 Ассотсиатсияи илми байналхалқӣ «Корпуси навиштаҷоти эронзабон» (марказаш дар шаҳри Лондон) ӯро ба узвияти ин ҷамъият шомил кард. Қобилияти табиӣ, меҳнатдӯстӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан, ба илм, дар иӽотаи олимони машҳур давр – Б.Ғафуров, Б. Искандаров, А. Семенов, А.Мирзоев ва дигарон қарор доштан имкон доданд, ки дар рушду камоли илми таърихи миллати хеш ин марди фозилу нексиришт саҳм гузорад. Ахрор Мухторов иштирдори симпозиуму конфронсҳои минтақавию байналмилалист, вай дасти бисёр ҷавононро дар ҷодаи таърихи миллат рост кардааст.

Академик Аҳрор Мухторов дар синни 83-солагӣ бар асари як бемории тӯлонӣ даргузашт. Ҷанозаи зиндаёд Мухторов дар оромгоҳи Лучоб, воқеъ дар шимоли ғарбии Душанбе, ба хок супурда шуд.

Ҷоизаҳо

  • Бо ордени «Шараф»,
  • медалҳои «Барои шуҷоат»,
  • «Барои озодкунии Прага»,
  • «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,
  • «Бистсолагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,
  • «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
  • Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон
  • Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1987),
  • Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2007).
  • Дорандаи Ҷоизаи Институти библиографии Амрико «Одами сол-1995».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *