Муҳаққиқи соҳибмактаб

Муаллиф: Аламхон Кӯчаров
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 160
Соли нашр: 2014
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 1,06 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 20 нафар

 


Дар бораи китоб:

Китоби рӯи дасти шумо, хонандаи азиз, бо ҳаёт ва кору пайкори мунаққиди барҷастаи тоҷик Соҳиб Табаров ошноии шавқоваре медиҳад.

Соҳиб Табаров — мунаққид ва адабиётшинос, номзади илми филология (1949), Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1953). Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991). Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1991), доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.

Солҳои 1934–1936 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи В.М. Молотови ш. Самарқанд, 1936–1937 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи А. В. Луначарскии ш. Панҷакент таҳсил намудааст. Солҳои 1937–1939 дар Омӯзишгоҳи ба номи Лоҳутии ш. Кӯлоб ва солҳои 1939–1943 дар факултети адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко таҳсил дошт. Соли 1943 пас аз хатми донишкадаи омӯзгорӣ муддате дар кафедраи забон ва адабиёти он муаллимӣ кардааст. Якчанд муддат дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Кӯлоб дарс гуфтааст. Аз соли 1943 то соли 1985 дар вазифаҳои гуногун дар ДДТ ба номи В.И. Ленин фаъолият намудааст. Солҳои 1945–1949 аспиранти филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС, 1949–1952 ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти АИ ҶШС Тоҷикистон, 1952–1962 мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, 1962–1980 мудири кафедраи адабиёти советии тоҷик, 1980–1985 дотсенти кафедраи номбурдаи ДДТ ба номи В.И. Ленин буд. Дар давраи мудирии Табаров дар баробари устодони варзида – Шарифҷон Ҳусейнзода, Баҳром Сирус, Муллоҷон Фозилов, Ҳилол Каримов, Воҳид Асрорӣ, Турсунбой Неъматзода насли дигари омӯзгорон чун Саъдулло Асадуллоев, Зоҳир Аҳрорӣ, Асадулло Сӯфизода, Саъдоншо Имронов, Маҳмуд Давлатов, Хайрулло Муҳибов, Собира Аминова ва баъдтар Раҳим Мусулмонқулов, Худойназар Асозода, Абдулҳай Маҳмадаминов, Абдуҷаббор Раҳмонов, Маҳмаисуф Имомов, Абдувалӣ Давронов, Рустам Ваҳҳобов, Равшан Раҳмонӣ ба воя расиданд. Аз соли 1985 Сарходими илмии шӯъбаи адабиёти муосири тоҷик, мушовири илмии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, дотсент ва мушовири кафедраи назарияи адабиёт ва адабиёти навини форсии тоҷик шуда то охири умр фаъолият намудааст.


Дар бораи муаллиф:

Зиндагинома

Аламхон Кӯчаров 4 феврали соли 1946 дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаб-интернат, соли 1964 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1969 ба итмом расондааст ва дар кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба фаъолият пардохта, дар давоми солҳои 1969-1972 муаллим, солҳои 1972-1981 муаллими калон будааст. Солҳои 1972-1976 дар аспирантура таҳсил карда, соли 1978 рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Солҳои 1989-1991 ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ буда, соли 1997 дар мавзӯи «Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри Садриддин Айнӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Моҳи сентябри ҳамон сол ба кафедраи назария ва адабиёти нави форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор омадааст. Солҳои 2002-2010 мудири кафедраи мазкур, ҳоло сарходими илмии ИТИ назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Эҷодиёт

Муаллифи рисолаҳои «Тадқиқи текстологии «Одина»-и Садриддин Айнӣ» (1982), «Хусусиятҳои миллӣ ва интернатсионалии назми Мирзо Турсунзода» (1988), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (1994), «Нақди матни осори Садриддин Айнӣ» (2000), «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри Садриддин Айнӣ» (2002), «Адабиёти тоҷик» (дар ҳаммуаллифӣ, 2007), «Турсунзода: маҳорат ва садоқат» (2011), «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи Садриддин Айнӣ» (2013), асарҳои бадеии «Сад рубоӣ» (2012), «Бобо ва набераҳо» (2013) ва зиёда аз сесад мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Оид ба паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ибни Сино, Ҳофизи Шерозӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддини Шоҳин, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Ашӯр Сафар, Қутбӣ Киром, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Ҷонибеки Акобир, Муҳаммад Ғоиб ва ғ. мақолаҳо навиштааст. Матни илмии интиқодии қиссаҳои «Одина» (1992) ва «Марги судхӯр» (2010)-и устод Айнӣ ва матни саҳеҳи рисолаҳои «Қуддусия» (1993), «Маърифати нафс» (1994) ва «Дарвешия» (2014)-и Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба табъ расондааст.

Ҷоизаҳо

  • Аълочии маорифи Тоҷикистон (1995);
  • Корманди шоистаи Тоҷикистон (2008);
  • Дорандаи ордени «Дӯстии халқҳо» (2001);
  • Барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (2003).

 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *