Эмомалӣ Раҳмон: Китобномаи шарҳиҳолӣ

Муаллиф: Шариф Комилзода
Ношир:  «ЭР-граф»
Саҳифа:  662
Соли нашр: 2012
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 3,91 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 25 нафар

 


Дар бораи китоб:

Китобномаи мазкур бо ҳадафи танзиму феҳристбандӣ ва мавриди омӯзишу тарғиб қарор додани осори арбоби барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст.

Китобнома аз мақолаи муқаддимавӣ, 3 қисм ва 13 зерқисм иборат аст.

Мақолаи муқаддимавӣ роҷеъ ба зиндагинома ва паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти сиёсӣ ва роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон маълумоти мушаххас медиҳад.

Дар қисми якуми китобнома номгӯи асару мақолаҳо, мусоҳибаву мулоқотҳо, вохӯриву суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон шомил шудаанд.

Қисми дуюми китобнома адабиёти марбут ба ҳаёту фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ва асарҳои доир ба ӯро дар бар мегирад.

Дар китобнома унвони ҳамаи асарҳо ба забони асл тибқи стандарти нав тасвир ёфта, навиштаҷоти библиографӣ ба асарҳои такроран чопшуда тибқи замони нашрашон зери як асар бо нишон додани ҳамаи манбаъҳои интишорӣ пешниҳод шудааст.

Мундариҷаи асарҳои бузургҳаҷм ба намоиш гузошта шуда, асарҳое, ки тавассути сарлавҳаҳо дарки мазмуни нашрашон душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ таъмин гаштаанд. Тақризҳои марбут ба китобҳо зери ҳамон китобҳо ҷой дода шудаанд. Мавод дар қисмҳо ва зерқисмҳои китобнома тибқи замони чопи асарҳо (бо истиснои асарҳои бисёрҷилда) ва дар дохили онҳо бо тартиби алифбо ҷо ба ҷо гузошта шудааст.

Китобномаи мазкур маводи чопию электронии солҳои 1981-2012 нашршударо фаро гирифта, дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, веб–сайтҳои Интернет ва китобномаҳои қаблан интишорёфта1,2 тартиб дода шудааст.

Барои осон намудани кори пажӯҳандагон дар поёни китобнома кӯмакфеҳристи ашхос пешниҳод шудааст.


Дар бораи муаллиф:

 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *