Дар бораи китоб:
Китоби мазкур дар асоси осори илмиву таърихӣ ва маърузаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мураттаб гардидааст. Анҷом додани ин кор ба се ваҷҳ муносиб дониста шуд: аввалан, сатҳу савияи илмии нигошта ва маърӯзаҳо дар пояи баланд қарор дорад ва аз онҳо боястӣ аҳли илму адаб, омӯзгорону донишҷӯон ва доираи васеи хонандагон зимни пажӯҳиши илмӣ, таълими шогирдон ва огоҳии бештаре пайдо намудан бо рӯзгору осори шахсиятҳои варзидаи таърихӣ ва фарҳангиамон истифода баранд. Аз ҷониби дигар, ин кор ба он хотир зарур дониста шуд, ки дар айни ҳол теъдоди нашри китобҳои Сарвари кишвар хеле маҳдуд аст ва на ҳамаи ниёзмандон имкони дарёфту мутолиаи онҳоро доранд. Далели севум ин аст, ки дар як маҷмӯа гирд омадани маводи ин китоб, ки қаблан ба сурати пароканда дар маҷмӯаву китобҳои гуногун ва нашрияҳои даврӣ чоп шуда буданд, ба хонандагон имкони мусоиди истифода ва баҳрабардориро фароҳам меорад.