Бурхи Валӣ ‒ дӯсти Худо

Муаллиф: Султони Ҳамад
Ношир: «Истеъдод»
Саҳифа: 592
Соли нашр: 2013
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 4,66 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 38 нафар

 


Дар бораи китоб:

Дар китоб дар баробари овардани қиссаву ривоятҳо, шеъру достонҳо ва андешаҳои таҳлилӣ дар бораи ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ, инчунин назаре ба таърихи водии Вахё, як гӯшаи биҳиштосои Ватани азизамон, таърихчаи силсилаи эшонҳои Ёзғанд, силсилаи эшонҳои Арзунк, дигар мазорҳои маъруфи ин минтақа, шахсиятҳои маъруфи таърихӣ ва мазҳабии ин диёр андохта шудааст.

Китоб барои оммаи васеи хонандагони синну сол ва касбу кори гуногун пешниҳод мешавад.

Рӯи чоп омадани китоби “Бурхи Валӣ-дӯсти Худо”, ки дар он симои ин шахсияти маъруф, вале то ба ҳол наомӯхтаи кишварамон мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор гирифтааст, дорои аҳамияти маърифатӣ ва фарҳангӣ мебошад. Махсусан дар давроне, ки Ватани мо беш аз пеш мавриди таваҷҷӯҳи хоси сайёҳони ҷаҳон гардидааст, ин китоб метавонад дар ин самт барои шавқмандони соҳаи ҳаёти дунявӣ ва мазҳабӣ раҳнамои хубе бошад.

Ҷолиб он аст, ки симои Бурх дар ин китоб аз дидгоҳи гуногун мавриди омӯзиш ва тамоми андешаҳои он бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ мудаллал шудаанд. Аз сӯи дигар дар китоб иттилое сабт гардидааст, ки аз нигоҳи таърихӣ аз аҳамият холӣ нестанд. Зиндагиномаи эшони Султон, муносибати ӯ бо амир Олимхон, бо Иброҳимбек, бархурдаш бо Фузайл Махсум дар ин китоб бо такя ба манбаъҳои хаттӣ ва гуфтори ашхоси алоҳида тарзе ба риштаи тасвир кашида шудаанд, ки низ ба баъзе торикиҳои ҳаёти ин ашхоси таърихӣ рӯшанӣ мебахшанд.

Бо ин гуфтаниям, ки китоб агарчи дар жанри публисистика навишта шуда бошад ҳам, вале баръало мушоҳида мешавад, ки муаллиф дар вақти навиштани он аз китобҳои илмӣ ва таърихӣ васеъ истифода бурдааст.

Мӯсо Диноршоев
академики АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор,
барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино


Дар бораи муаллиф:

Cултони Ҳамад.jpgЗиндагинома

Cултони Ҳамад 3 апрели соли 1952 дар ноҳияи Тавилдара дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Мактаби таҳсилоти ҳамагониро соли 1969 дар ноҳияи Ҷилликули вилояти Хатлон хатм карда, ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуда, онро соли 1974 хатм кардааст.

Фаъолият

Солҳои 1974—1978 дар мактаби миёнаи рақами 2-и ноҳияи Ҷилликул аввал ба ҳайси муаллими забони тоҷикӣ, баъдан ҷонишини директор ифои вазифа намудааст.

Аз моҳи июни соли 1978 то августи соли 1980 аввал ба ҳайси хабарнигор, сипас ба сифати муҳаррири шӯъбаи барномаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ дар радиои вилояти Қӯрғонтеппа кор кардааст.

КБД ҶШС Тоҷикистон

Моҳи августи соли 1980 ба Кумитаи Бехатарии Давлатии (КБД) Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (КГБ) ба кор даъват шуда, барои таҳсил ба Мактаби Олии КГБ СССР ба шаҳри Маскав фиристода мешавад.

Ин донишкадаро моҳи августи соли 1982 бо ихтисоси ҳуқуқшиноси масоили байналмилалӣ хатм намуда, баъдан дар ин мақомот то соли 2000 дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият кардааст.

Комиссияи Оштии Миллӣ

Аз соли 1993 то соли 1997 мушовири сиёсии раиси Иттиҳоди нерӯҳои опозитсионии Тоҷик (ИНОТ) дар Афғонистон буд.

Моҳи декабри соли 1996 баъди мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Хустдеҳи Афғонистон барои татбиқи Созишномаи миёни онҳо ба имзорасида, дар як ҳайати баландпояи муштараки сиёсиву низомии ба манотиқи ҷангзада рафта, ду тарафи даргирро ба мусолиҳа даъват карданд.

Ин ҳайат бо раҳбарии Амирқул Азимов аз ҷониби ҳукумат ва Давлат Усмон аз ҷониби мухолифин ташкил шуда буд. Дар ин сафар Султони Ҳамад ҳамчун муовини Давлат Усмон ҳайатро ҳамроҳӣ мекард.

Фаъолияти ин ҳайат таҳти миёнҷигарии мушовирони низомии СММ сурат мегирифт ва он то омадани ҳайати Комиссияи оштии милллӣ (КОМ) ба Душанбе дар сентябри соли 1998 идома кард. Баъдан, фаъолияти ин ҳайати баландпояи муштараки низомиву сиёсиро зеркомиссияи КОМ зеркомиссияи низомӣ ва сиёсӣ идома доданд.

Аз соли 1998 то 1999 раҳбари дафтари матбуотии ИНОТ буд, ки дар бинои Комиссияи Оштии Миллӣ фаъолият мекард.

Рӯзноманигорӣ

Солҳои 2001—2006 ба ҳайси тарҷумон ва хабарнигори гурӯҳи эҷодии ТВ-6-и Русия, ТВ-Чехия, маҷаллаи «Регард сур лест» («Нигоҳе ба Шарқ») — и Фаронса, бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» ба Афғонистон борҳо сафар карда, кору фаъолият намудааст.

Дар натиҷаи ин сафарҳо як силсила мақолаҳои публисистӣ дар саҳифаҳои ҳафтаномаҳои «Тоҷикистон», «Чархи гардун», «Зиндагӣ» ва дигар нашрияҳо ба чоп расондааст.

Инчунин дар ҳамин давра аз соли 2003 то соли 2004 Сардабири ҳафтаномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон «Наҷот» буд, дар ҳамин давра ин нашрия аз 8 саҳифа ба 16-саҳифаӣ табдил ёфт.

Ӯ муассиси сомонаи мустақили ҷамъиятиву сиёсии «Рӯзгор» (дар соли 2009 то 2015)ва аз моҳи июни соли 2013 то августи соли 2014 сардабири ҳафтаномаи «Рӯзгор» ва аз соли 2017 сардабири сомонаи мустақили ҷамъиятиву сиёсии интернетии «Рӯзгор». Муаллифи чандин китобу мақолаҳои публитсистӣ дар матбуоти даврӣ.

Донишноманигорӣ

Дар СИЭМТ ба ҳайси аксбардор, муҳаррир, муҳаррири пешбар, мудири редаксияи Иқтисодиёт, саноат ва кишоварзӣ кор кардааст (2015‒2017). Китоби «Что говорит „Библия“ о Мухаммеде?»-и Аҳмад Дидотро аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Давоми фаъолияташ дар СИЭМТ дар таҳриру тадвини мақолаҳои марбут ба иқтисод, саноат ва кишоварзӣ дар ҷилди 4-и «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» саҳм гузоштааст. Чанде аз мақолаҳои марбут ба санъат дар ҷилдҳои 5‒6-и «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Ҷоизаҳо

Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (1988) ва медалҳои «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР» (1988), «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2004) сарфароз гардидааст. Ғолиби озмуни САҲА «Беҳтарин мақола дар мавзӯи сиёсӣ» (2004). Узви ИЖ Тоҷикистон (2007).

Даргузашт

Султони Ҳамад шоми 6 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе, дар хона ва дар миёни фарзандону дигар наздиконаш дар синни 68-солагӣ бар асари бемории саратони меъда, ки тайи 8 моҳи ахир аз он ранҷ мекашид, даргузашт. Маросими ҷанозаи Султони Ҳамад 7 июн, баъд аз намози ҷумъа дар масҷиди Аминҷон баргузор гашт ва дар оромгоҳи «Сари Осиё»-и Душанбе ба хок супурда шуд.

Осор:


 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *