Аҳвол ва осори Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р)

Муаллиф: Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр
Ношир: «Мавлавӣ»
Саҳифа: 502
Соли нашр: 2008
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 2,94 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 89 нафар

 


Дар бораи китоб:

Ба муносибати аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи ҷашни 17-солагии Истиқлолияти кишвар, аз минбари баланди миллат эълон гардидани «Соли 2009 – Соли байналмилалии бузургдошти Ҳазрати Имоми Аъзам» (ва ба ифтихори бузургдошти 1310-солагии зодрӯзи фақеҳи кабир ва мутафаккири шаҳири Шарқ (фарзанди арҷманди халқи тоҷик) – имоми ҳумом, вориси Паёмбари гиромии Ислом (с) – сироҷи уммат Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа ибни Хоҷа Собит (р)) бахшида шудааст.

Китобе, ки дар дасти мубораки хонандаи азиз ва пешорӯйи дидагони борикбини аҳли назар қарор гирифтааст, дар таърихи мазҳабшиносии тоҷик падидае дигар буда, дар он ба таври муфассал андешаҳову нигоштаҳои муҳаққиқи исломшинос – Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр (Тӯраев Бурҳониддин Бузургович) оид ба аҳвол ва осори лозаволи яке аз барҷастатарин шахсиятҳои олами Ислом – муассиси мазҳаби муҳаззаби ҳанафия (маъруф ба мазҳаби Имоми Аъзам) инсони комил ва фақеҳи кабиру имоми шаҳир (аз шумори тобиъин), яъне, «Чароғи уммат» – Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) (699 м. – 767 м). рӯи авроқ навишта шуда…

Ҳамчунин, ба ғайр аз бозшинохти аҳвол ва осори Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), дар китоби ҳозир дар бораи таърихи пайдоиши равия, мазҳабҳову фирқаҳо ва тариқаҳову силсилаҳои Ислом ва ба хусус, мазҳаби муҳаззаби ҳанафия, низ маълумоти мукамал дода шудааст.

Китоб ба лутфу табъи мубораки диншиносон (ҳақшиносон), мударрисони мадорис ва донишкадаи исломӣ, устодону донишҷуёни донишкадаву донишгоҳҳои олии кишвари соҳибистиқлол ва ба ҳамаи он азизоне, ки ба масоили исломшиносӣ, ба хусус, ба омӯзиши фарҳанги тамаддуни исломӣ пажӯҳиш мебаранду барои интишори дини мубини Ислом ва ривоҷу густариши беҳтарин мазҳаби Ислом – мазҳаби Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) (яъне, ҳанафия ки қадимтарин ва беҳтарин мазҳаб буда, аз он бӯи файзи Расулуллоҳ (с) ва асҳоби Расули акрам (с) ба машоми мӯъминон мерасад) дастандаркоранд, пешкаш мегардад.


Дар бораи муаллиф:

Бурҳониддин Бузургович Тӯраев (тахаллусаш Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр, тав. 18.04.1966, деҳаи Каҷровути ноҳияи Ғончӣ), забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (2010), узви Конфедератсияи байналмилалии Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (1997).

Зиндагинома

Солҳои 1986– 1987 шунавандаи бахши рӯзонаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин буд. Солҳои 1987– 1992 дар факултети филологияи тоҷики донишгоҳи номбурда таҳсил кардааст. Солҳои 1992–1995 лаборанти калони гурӯҳи яғнобшиносии назди Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ ҶТ, ҳамзамон 1992–1996 коршиноси калон ва мудири китобхонаи форсии Бунёди фарҳангии Тоҷикистон, 1995–1996 муҳаррири адабии барномаи «Гулзори сухан»-и идораи адабиёт ва ҳунари радиои Тоҷикистон, 1996–1998 ходими адабӣ ва узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Тоҷикистон», 1996–1999 унвонҷӯи бахши диншиносӣ ва назарияи озодандешии Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, 2000–2004 муҳаррири тоҷикии маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон», 2004–2006 ассистенти кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Солҳои 2006–2007 ба ҳайси сармутахассиси Маркази таълимию методии макотиби маълумоти миёна ва муассисаҳои таълимии олии назди Вазорати маорифи Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2007 то имрӯз ҳамчун ассистент, муаллими калони кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор мекунад.

Фаъолияти илмӣ

Оид ба ҷиҳатҳои лексикӣ-семантикӣ ва калимасозии микротопонимҳои Яғноб кори илмӣ бурда, муаллифи якчанд асару мақолаҳо мебошад. Инчунин дар риштаи илмҳои таърих, мардумшиносӣ, фарҳанг ва тамаддун, фолклоршиносӣ (эҷодиёти шифоҳии мардум), забоншиносӣ, номшиносӣ (ономастика, бавижа бахши номҳои ҷуғрофӣ-топонимика), диншиносӣ ва адабиётшиносӣ зиёда аз 100 номгӯи асару мақолаҳо чоп кардааст. Бо тахаллуси Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр дар саҳифаҳои матбуоти даврии Тоҷикистон зиёда аз 50 мақолаҳои публисистӣ нашр кардааст. Дар филмномаҳои «Бинои дӯстӣ», «Бобои Миралӣ», «Ҳамовоз», «Ҷалоли шаҳри ишқ» бахшида ба 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (дар ин филм ба ҳайси мушовир ва ҳунарпеша дар нақши шогирди Шамси Табрезӣ – шайх Бурҳониддин нақш бозидааст), филми портретии «Фарзанди кӯҳистон» (ба 80 солагии Моёншо Назаршоев), «Мансур Носиров» ба 80 солагии Арбоби шоистаи соҳаи ҳуқуқ ба ҳайси муҳаррир, мушовир ва ёвари коргардон фаъолият кардааст. Дар филми 50-қисмаи «Илм аз сурайё» бахшида ба 1310-солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа ба ҳайси муҳаррир ва мушовири илмӣ фаъолият карда, инчунин дар нақши яке аз шогирдони Имоми Аъзам ҳунарнамоӣ кардааст.

Осор

  • Аҳвол ва афкори Ҳазрати Имоми Аъзам, Д., 2000, 2008;
  • Аҳвол ва осори Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (бахшида ба 1310-солагии Имоми Аъзам), Д., 2009;
  • Наврӯзи марзи Яғноб // Маҷ. Ошно, Теҳрон, 1376(1996);
  • Ҳазрати Имоми Аъзам // Маҷ. Тоҷикистон, Д., 1998;
  • Меҳргон дар Шоҳнома // Маҷ. Адаб, Д., 1995;
  • Шоҳнома бузургқомуси худшиносӣ // Маҷ. Шоҳроҳи ваҳдат, Д., 1998;
  • Амирушшуарои шеъри тоҷик (ба 60-солагии устод Лоиқ Шералӣ) // Маҷ. Шоҳроҳи ваҳдат, Д., 2000;
  • Наврӯз ҷашни қудсист // Маҷ. Илм ва ҳаёт, Д., 1995;
  • Муқаддасоти об дар Қуръон ва Ҳадис // Паёми Донишгоҳи миллӣ, Д., 2003;
  • Аз таърихи омӯзиши микротопонимияи Яғнобдара» // Забон рукни тоат (Маҷмӯаи илмӣ), Д., 2004;
  • Миллат дар ҷисм аст, фарҳанг ҷони ӯст // Фарҳанг, Д., 1998;
  • Шарқшиноси шаҳир ва забоншиноси камназир (ба ёдбуди 70-солагии профессор А. Л. Хромов // Паёми Донишгоҳи миллӣ, Д., 2003;
  • Баъзе аз масъалаҳои рушди илму фарҳанг дар аҳди Сосониён ва Суғдиён // Фарҳанг, Д., 2006;
  • Таърихи ташаккул ва таҳаввули суннатҳои мусиқии мардуми Яғноб // Маҷ. Рӯдакӣ, Д., 2007;
  • Таҳлили луғавии чанд топонимҳои Яғнобдара // Маҷ. Номаи пажӯҳишгоҳ, Д., 2007;
  • Вожаҳои суғдӣ дар топонимияи Яғноб // Паёми Донишгоҳи миллӣ, Д., 2008.

 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *