100 инсони бузургтарин

Муаллифон: С. Мусский, И. Семашко
Мутарҷим: Қурбон Мадалиев
Ношир: «Шарқи озод»
Саҳифа: 441
Соли нашр: 2010
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 9,42 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 159 нафар

 


Дар бораи китоб:

Асари С. А. Мусский «100 инсони бузургтарин» («Вече», 2006), ки мо аз он ба муштариён намунаҳо пешниҳод месозем, нисбат ба дигар китобҳои ин даста иттилооти бештар дорад ва ҳам холисона аст.

Шахсиятҳои аз ҳама бузург, чехраҳои шинохтаи оламшумули ҳамаи соҳаҳои асосии ҳаёти одами дар ин китоб гирд омадаанд. Муаллиф асарашро ба бобҳои «Ходимони дин», «Мутафаккирон», «Сиёсатмадорон», «Лашкаркашон», «Олимон», «Устодони санъат», «Ихтироъкорон», «Сайёҳон» ва «Варзишгарон» тақсим намуда, аз ҷумла дар бораи паёмбари ислом Муҳаммади Мустафо (с), Пифагор, Аристотел, Пётри Кабир, Маҳатма Ганди, Ленин, Сталин, Искандари Мақдунӣ, Коперник, Дарвин, Менделеев, Бах, Чайковский, Архимед, Колумб, Пеле, Муҳаммад Алӣ ва дигарон маълумоти мушаххас додааст.


Дар бораи мутарҷим:

Қурбон Мадалиев 20 октябри соли 1951 дар ноҳияи Бохтар ба дунё омада, соли 1975 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз 3 сентябри соли 1975 то 8 феврали соли 1982 дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба ҳайси мусаҳҳеҳ, мухбир, мухбири калон, мудири шӯъба адои вазифа намудааст. Ӯро сипас ба идораи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба кор хонданд. Вай дар ин нашрия аз 8 апрели соли 1982 то 1 апрели соли 1991 ҳамчун мухбири махсус, муовини котиби масъул кор кард. Аз 1 апрели соли 1991 ба рӯзномаи «Садои мардум» даъват шуд ва дар ин ҷарида то 30 январи соли 2006 ҳамчун шореҳ, котиби масъул, муовини сармуҳаррир дар рангину хонданй ба дасти муштариён расидани он саҳм гирифт.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2006, № 56 муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» таъин шуд.

Чакидаҳои хомааш дар бисёр маҷмӯаҳо, аз қабили «Парасту», «Лолаҳои кӯҳсор», «Пайки истиқлол», «Ойинаи миллат» «Маром ва мақоми намоянда», «Дар коргоҳи қонун» ба табъ расидаанд. Муштариён тавассути тарҷумаҳояш бо ҳаёти бисёр инсонҳои бузургтарини таърихи башар, ба монанди Буддо, Конфутсий, Бисмарк, Теин Ши Хуандй, Бах, Мотсарт, Нефертитй, Сафо, Клеопатра, Мурасаки Шикибу, Жорж Санд, Камилла Клодел ва дигарон, ки дар «Ҷумҳурият» ба табъ расидаанд, шинос гаштаанд. Ин тарҷумаҳо ба фонди тиллоии Радиои Тоҷикистон низ ворид шудаанд.

Қурбон Мадалиев аз соли 1980 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст, дар тарғиби сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бориз дошта, дар соҳаи журналистикаи тоҷик яке аз симоҳои шинохта ва мураббии ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.


 


2 комментариев для “100 инсони бузургтарин

  1. Ҳазор раҳмат барои нафароне,ки ин китобро дар ин сомонаи хуб гузоштаанд. Ман 2 сол боз ин китобро меҷустам… 🤗🤗

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *