Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи масъалаҳои мубрам ва ибтикороти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Мураттиб: Зафар Шералӣ Сайидзода
Ношир: ҶДММ «Контраст»
Саҳифа: 366
Соли нашр: 2018
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 20 нафар

 


Дар бораи китоб:

Китоби мазкур маҷмӯаи порчаҳое аз паёмҳову суханрониҳо ва андешаҳои Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тавассути онҳо хонанда метавонад роҷеъ ба масъалаҳои мубрам, самтҳои асосӣ ва ташаббусҳои давлат дар арсаи байналмилалӣ тасаввуроту дониши комилу саҳеҳ пайдо намояд.

Нашрия барои доираи васеи хонандагон, аз он ҷумла олимон, коршиносон, омӯзгорон ва донишҷӯён, муфид хоҳад буд.


Дар бораи мураттиб:

Сайидзода Зафари Шералӣ

Санаи таваллудаш 18.12.1961, тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои фалсафа (13.06.1989), доктори илмҳои таърих (25.05. 2016).

Соли 1983 Донишгоҳи давлатии (алон – миллии) Тоҷикистонро бо ихтисоси муаррих ва ҷомеашинос хатм кардааст.

Солҳои 1983 – 1986: аспирант ва ассистенти кафедраи диншиносии илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон.

Солҳои 1987 – 1990: корманди масъул, мудири бахш ва мудири шуъбаи идеологии КМ комсомоли Тоҷикистон.

Солҳои 1990 – 1991: сармутахассиси Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ҷавонон.

Солҳои 1991 – 1992: корманди масъули дафтари матбуоти Президент ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 1993 – 1995: сардори Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 1995 – 2003: котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2003 – 2008: директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 5 феврали соли 2008: мушовири калони Президенти Тоҷикистон ва дастгоҳи ёвараш оид ба сиёсату робитаҳои хориҷӣ.

Муаллифи 55 китоб, инчунин даҳҳо мақолаҳо оид ба масъалаҳои фалсафаи иҷтимоӣ, забон, сиёсатшиносӣ, таърихи навтарин ва фарҳанги иттилоотии Тоҷикистон мебошад.

Дорандаи медали давлатии «Хизмати шоиста» (07.2016), Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (09.2001), Ифтихорномаи (мукофоти олии) Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (09.2011) ва Ифтихорномаи Парлумони Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Россия (04.2010). Аълочии фарҳанги Тоҷикистон аст.

Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.


 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *