Саҳифаи нави дипломатияи тоҷик

Ҳайати таълиф:  Ҳ. Зарифӣ, Н. Зоҳидов, А. Атоев, Х. Сафаров
Ношир: «Ирфон»
Саҳифа: 160
Соли нашр: 2013
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 2,02 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 12 нафар

 


Дар бораи китоб:

Дар китоби мазкур матни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми маросими ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ оварда шуда, инчунин шарҳи мухтасар дар бораи марҳилаҳои ташаккули дипломатияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва маълумот дар бораи бинои навбунёди Вазорати корҳои хориҷӣ инъикос ёфтааст.

Матни китоб бо аксҳо аз маросими ифтитоҳи бинои Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамроҳ бо тасвирҳо аз рафти сохтмони иншооти мазкур оро дода шудааст.


Дар бораи ҳайати таълиф:

Ҳамрохон Зарифӣ (Зарипов Ҳамрохон Зарипович; тав. 25 декабри соли 1948, ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — ходими давлатӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2006 то 2013), узви доимии Шӯрои амнияти Тоҷикистон, дорандаи рутбаи Сафири фавқулодда ва мухтор, номзади илм.

Зиндагинома

  • 25 декабр, 1948 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.
  • Соли 1971 факултаи физика ва математикаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм намудааст.
  • Дар соли 1971 фаъолияти меҳнатиашро оғоз намуда, ба сифати омӯзгор дар Донишкадаи омӯзгорӣ, баъдан дар мақомоти амниятӣ кор кардааст. Аз корманди қаторӣ ба вазифаи роҳбарии Кумитаи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст.
  • Аз соли 1993 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии шӯъба ва муовини вазирро бар дӯш дошт.
  • Аз соли 1993 то 2002 ба сифати намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия, Венгрия ва конфедератсияи Швейтсария буд.
  • Cолҳои 2002—2006 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА.
  • Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 то 2013.
  • Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2013 аз вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шудааст.
  • Бо медалҳо, орденҳо ва дигар ҷоизаҳои давлатӣ мукофонида шудааст. Донандаи забони англисӣ.
  • Оиладор соҳиби 2 фарзанд.

 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *